ВидеоТоҷикистон

БАРКАНОРИИ САРДОРИ МИЛИСАИ НОҲИЯИ ВАХШ ВА МУОВИНАШ БАЪДИ СӮХТОРИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ (ВИДЕО)

Полковник Алишер Неъматзода, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш ва муовини дуюмаш майор Сафар Абдуллозода ҳафтаи гузашта аз мақом барканор карда шудаанд. Барканории полковник Неъматзода ва муовинаш  дар пайи ҳодисаи сӯхтори арчаи солинавӣ дар маркази ноҳияи Вахш сурат гирифт.

“Карйераи ин ду афсари баландпояи милисаро се кӯдаке, ки арчаи солинавиро оташ заданд, сӯзонданд”, – мегӯянд ҳамсуҳбатони пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар ноҳияи Вахш.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, “3 январи соли 2022, тахминан соати 12:32, дар вақти бо оташ бозӣ кардани 3 ноболиғ: бародарон Н.М., соли таваллудаш 2010, Н.Т., соли таваллудаш 2012, сокинони деҳаи Озоди ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва С.И., соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш аз беэҳтиётӣ дар Арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахш сӯхтор ба амал омад”.

Дар видеое, ки дар Интернет нашр шуд, дида мешуд, ки доманаи оташ дарахти баланди арчаи бо бозичаҳои солинавӣ зиннатдодашударо ба коми худ фурӯ мебарад ва раҳгузарон ин лаҳзаҳоро бо камераҳои телефонҳои мобили худ ба навор мегиранд. Мақомот ҳаҷми зарар аз ин сӯхторро тахминан 2 ҳазор сомонӣ баровард карданд.

Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Ҳамон рӯзи 3 январ сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон генерал Искандар Солеҳзода ба сардори ШВКД ноҳияи Вахш Алишер Неъматзода барои кадом камбудие дар кораш огоҳии қатъӣ додааст. Полковник Неъматзода ин огоҳӣ дар ҷайб ҳанӯз то ҷои кораш ба маркази ноҳияи Вахш норасида, хабари оташ задани арчаи солинавӣ баромад ва  бегоҳи ҳамони рӯзи 3 январ фармони барканории ӯ ва муовинаш Сафар Абдуллозода ба Вахш расид”.

Сафар Абдуллозода аз ҷамоати Чапаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва аз хешовандони Исмат Абдуллоев, раиси фурудгоҳи Душанбе  аст.

Алишер Неъматзода, фарзанди Ҷӯрахон Неъматов, як шахсияти пурнуфуз дар ноҳияи Фархор аст. Бародари ӯ Зубайдулло Неъматов, ки дар Додситонии кулли Тоҷикистон кор мекард, моҳи августи соли 2020 ҳамроҳ бо падар ва амаки ҳамсараш Ҷамолиддин ва Хайриддин Тӯраевҳо ба иллати коронавирус аз олам чашм пӯшиданд. Ҳоҷӣ Хайриддин ӯраев, маъруф ба Эшони Сайиднуриддин, полковник ва сардори собиқи хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳи шаҳри Душанбе, аз дӯстони наздики генерал Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳои вазорати адлия буд. Дар тӯйи писари Ҳоҷӣ Хайриддин худи генерал Умаров низ гирифтори коронавирус шуда буд.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” аз ноҳияи Вахш мегӯяд, полковник Алишер Неъматзода кадри хуб аст, вале чандон хушиқбол набудааст: “Соли 2018, аз иқболи бадаш, вақте ки сардори ШВКД ноҳияи Данғара буд, дар ҳамин ноҳияи ҳамлаи террористӣ сурат гирифт ва Неъматзодаро аз мақом барканор карда, чанд моҳ вазифааш надоданд. Баъд ба ноҳияи Вахшаш фиристоданд, вале инҷо мансабу мақомаш қурбони оташбозии се кӯдак бо арчаи солинавӣ шуд.  Вагарна кораш хуб буд. Бо мардум муносибати хуб дошт. Пайваста либоси мулкии назарногир пӯшида, дар кӯчаҳои маркази ноҳияи пои пиёда мегашт, то вазъияти воқеиро ба чашми худ бубинад ва ҳам рафтору фаъолияти кормандони милисаро назорат кунад. Кормандони милиса аз тарси ӯ доим ба байни издиҳом назар андохта меистоданд, ки мабодо сардорашон боз либоси мулкӣ  дар тан кори онҳоро назорат карда истода бошад…”
Сӯхтори арчаи солинавии Вахш нахустин чунин мавриди ба коми оташ рафтани арчаҳои солинавӣ дар Тоҷикистон нест. 31 декабри соли 2018, ҳанӯз то шурӯи ҷашни солинавӣ арчае, ки дар маркази ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон гузошта буданд, низ даргирифта буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button