ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН БА ФИРИСТОДАНИ НИРӮИ ҲАРБӢ БА ҚАЗОҚИСТОН ИҶОЗАТ ДОД

Рӯзи 7 январ дар Душанбе ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир шудааст. Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод, ки “дар иҷлосияи якҷоя танҳо як масъала баррасӣ шуда, барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди кишвар барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият дода шуд.”

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 6 январ гуфт, Душанбе ба уҳдадориҳои худ ҳамчун иттифоқчӣ амал карда, ният дорад, дар ҳайъати нирӯҳои ҳомии сулҳи ОДКБ ба Қазоқистон нирӯ фиристад. Қаблан хабаргузории русии РИА Новости аз қавли мақомоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки Душанбе ба Қазоқистон ҳудуди 200 сарбоз мефиристад.

Арманистон гуфтааст, ки қасд дорад ба Қазоқистон 70 сарбоз фиристад.  Парлумони Қирғизистон низ рӯзи 7 январ, танҳо дар рӯзи дуюми баррасии ин масъала, ба ирсоли нирӯҳои ин кишвар ба Қазоқистон розигӣ дод.  

Беларус алакай рӯзи 6 январ дар 5 ҳавопаймои ҳарбӣ нирӯҳои десантиашро ба Қазоқистон фиристод. Русия гуфтааст, ки ба ин кишвар то 5 ҳазор афсари аскар мефиристад.

Ёдовар мешавем, аз 2 январ дар Қазоқистон эътирозҳои густарда идома доранд. Рӯзи 5 январ дар пайи ин эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон истеъфо дод.

Ба ном президенти Қазоқистон ҚосимЖомарт Тоқаев шаби 5 январ дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Тоқаев эътирозгаронро “дастаҳои террористон” номид ва гуфт, онҳо дар хориҷ тамрин дидаанд ва аз ин рӯ, ҳаводиси ахири Қазоқистон бояд ҳамчун ҳамла аз хориҷ ба ин кишвар арзёбӣ шавад.

ОДКБ ҳаққи мудохила дар муноқишаҳои сиёсӣ ва дохилиро надорад ва танҳо дар сурати ҳамла аз хориҷ метавонад ба кумаки кишварҳои узви ин созмон биояд.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки дар ҷараёни ҳаводиси ахир 26 нафар аз эътирозгарон “маҳв карда шуда”, беш аз 3 ҳазор нафар дастгир шудаанд. Аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ низ, ба гуфтаи мақомот, 18 нафар кушта ва беш аз 700 нафар захмӣ шудаанд.

Манобеи дигар шумораи кушташудаҳо аз ҷониби эътирозгаронро бамаротиб бештар мегӯянд. Гуфта мешавад, танҳо дар Қизил-Ӯрда 19 эътирозгар кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button