ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҚУБОДИЁН ВА ФАЙЗОБОД

Шаби 5 январ, тахминан соатҳои 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Серви», Раҳматуллоев Сафар Кенҷаевич, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Амиргулхонов Мирбозхон Амирбурхонович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Ишкошимро пахш намудааст. Дар натиҷа дучархарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Инчунин 5-уми январ, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Муҳиддинов Ваҳобиддин Ҷалолиддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Лахш-Рашт” аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи Яқубов Саймуддин Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи зикргардида, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», падари ронанда Муҳиддинов Ҷалолиддин Салоҳович, соли таваллудаш 1958, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button