ЯК ЗАН ДАР ТАРАБХОНАИ “ПЕРСИЯ” АЗ КИСАИ ЯК МАРД “АЙФОН-12”-АШРО ДУЗДИДААСТ

Як навраси 16-сола дар ноҳияи Хуросон ба дуздии 3900 сомонӣ аз ҷузвдони як ҷавонзан, сокини 32-солаи шаҳри Бохтар ба дуздии ноутбуки тамғаи “Асус” аз дӯкони як сокини ин шаҳр гумонбар мешаванд. Ва як зани 28-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки соати қариб яки шаби 2 ба 3 январ дар тарабхонаи “Персия” аз ҷайби як марди 34-сола телефони мобилии тамғаи “Айфон-12 Про Макс”, арзишаш 14 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дуздии маблағ, ноутбук ва телефони мобилӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза зани 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми январи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷузвдонаш 3 ҳазору 900 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 16-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки шаби 3 ба 4-уми январи соли 2022, тахминан соати 02:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили дуконаш 1-адад ноутбуки тамғаи “АСУС”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 1 ба 2-юми январи соли 2022, тахминан соати 00:50, ҳангоми дар тарабхонаи “Персия”, воқеъ дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-12 Про Макс”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.
Бо роҳи фиреб аз худ намудани автомашина

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 46-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 17-уми июли соли 2021, марди 44-солаи сокини шаҳи Ҳисор, ки пеш бо моддаи 259 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Нисан Мурано”-ро ба маблағи 125- ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.