ВидеоҶомеа

ҲАБСИ 4 НАФАР ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНИИ СОҲИБОНИ ТАРАБХОНАҲОИ “САМИРА” ВА “МАЛИКА”

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки шаби 3-юми январ, тахминан соати 21 дар тарабхонаи «Малика» дар кӯчаи Р.Набиеви ноҳияи Сино байни як гурӯҳ мизоҷон, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, муноқиша ба миён омада,  онҳо якдигарро аз ҳиссиёти авбошӣ мавриди дашномҳои қабеҳ қарор додаанд.
Кормандони милитсияи пойтахт дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, сабабу омилҳои муноқишаи мазкурро муайян ва гумонбаронро дастгир намуданд.
    Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд:
-Муҳсиддинов Манучеҳр Нурович, соли таваллудаш 20.04.1990 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ, роҳбари маркази дилхушии «Самира»,

бо ҳамроҳии рафиқони худ шаҳрвандон:

Ҳотамов Ҷамолиддин Ҳамроевич, соли тавалудаш 30.01.1998, истиқоматкунандаи н.Темурмалик, ҷамоати шаҳраки Совет, посбони маркази дилхушии «Самира»; 

Мусаммиров Усмон Илҳомиддинович, соли таваллдуш 22.10.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, шаҳраки Шарора, кӯчаи Матонат, посбони маркази дилхушии «Самира»;

Қамаров Ҳусейн Авзалович, соли таваллудаш 10.02.1997, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Р. Набиев, посбони маркази дилхушии «Самира»;

дар ҳолати мастӣ бо соҳибмулки тарабхонаи «Малика» муноқиша намуда, бо овози баланду дашномҳои қабеҳ дар баробари тартибот ва оромии ҷамъиятиро  вайрон намудан, шаъну шарафи ҳамдигарро паст задаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суди ноҳияи Сино нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button