Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕ КӮДАК ДАР НОҲИЯИ ВАХШ ҲАНГОМИ БОЗӢ АРЧАИ СОЛИНАВИРО ОТАШ ЗАДААНД (ВИДЕО)

Рӯзи 3 январ дар Интернет видеои сӯхтори арчаи солинавӣ дар маркази ноҳияи Вахш дар ҷануби Тоҷикистон нашр шуд. Дар видео дида мешуд, ки доманаи оташ дарахти баланди арчаи бо бозичаҳои солинавӣ зиннатдодашударо ба коми худ фурӯ мебарад ва раҳгузарон ин лаҳзаҳоро бо камераҳои телефонҳои мобили худ ба навор мегиранд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, се кӯдак ҳангоми бо оташ бозӣ кардан аз беэҳтиётӣ сабаби сӯхтани арчаи солинавӣ шудаанд.

“3 январи соли 2022, тахминан соати 12:32, дар вақти бо оташ бозӣ кардани 3 нафар ноболиғ: бародарон Н.М., соли таваллудаш 2010, Н.Т., соли таваллудаш 2012, сокинони деҳаи Озоди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва С.И., соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш аз беэҳтиётӣ дар Арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахш сӯхтор ба амал омадааст”,  – гуфта мешавад дар иттилоия.

ВКД тафсилоти дигар надодааст, вале гуфт, сӯхтор сари вақт аз ҷониби басти навбатдории қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Вахш хомӯш карда шуда, дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар зарар надидааст. Ҳаҷми зарар аз сӯхтор, ба ҳисоби мақомот, тахминан 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин нахустин чунин мавриди ба коми оташ рафтани арчаҳои солинавӣ дар Тоҷикистон нест. 31 деабри соли 2018, ҳанӯз то шурӯи ҷашни солинавӣ арчаи солинавие, ки дар маркази ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон гузошта буданд, бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳо  даргирифта буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button