ВарзишВидео

МАНУЧЕҲР САФАРОВ БЕҲТАРИН ҲИМОЯТГАРИ ТАРАФИ РОСТИ ОСИЁ ДОНИСТА ШУД

 AFC- Конфедератсияи футболи Осиё тими рамзии мунтахаби Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро эълон кард. Футболбози ҷавони тоҷик Манучеҳр Сафаров, ки ҳамагӣ 19 сол дорад, беҳтарин ҳимоятгари ҷабҳаи рости қораи Осиё интихоб гардида, ба ҳайъати тими рамзии ин қора роҳ ёфтааст.  Ин бори аввал аст, ки футболбозони тоҷик беҳтарин бозигари қораи Осиё дониста мешаванд.

Манучеҳр Сафаров дар охирин мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё дар ҳайъати “Истиқлол” (Душанбе) ҳунарнамоӣ карда буд ва моҳи декабр бо дастаи машҳури эронии “Персеполис” аз Теҳрон барои се сол қарордод баст.

“Истиқлол”, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, то ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Осиё роҳ ёфта, дар ин марҳила аз қаҳрамони Эрон “Персеполис”  бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд, вале бозии хатти дифоии “Истиқлол” ончунон ба рақибаш хуш омад, ки якбора ду ҳимоятгари “Истиқлол”: Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанноновро ба Теҳрон даъват карданд. Бино ба иттилои сомонаи “Трансфермаркт”, “Персеполис” барои харидани Манучеҳр Сафаров 175 ҳазор евро харҷ кардааст.

Манучеҳр Сафаров дар назарсанҷии анҷомшуда дар сомонаи Конфедератсияи футболи Осиё бо касди 63% овозҳои мухлисон дар байни ҳимоятгарони ҷабҳаи рост ҷои аввалро ба даст овард.

Рақибони ӯ Муҳаммад Бурайқ (“Ал-Ҳилол”) 27%, Султон Ғанном (“Ан-Наср”) 8% ва Казуя Мияҳара (“Нагоя Грампус”-и Ҷопон) ҳамагӣ як фоиз овоз гирифтаанд.

Дар умум ба  тими мунтахаби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 шаш бозигари дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ шомил шудаанд. “Ал-Ҳилол”, ки соли 2020  низ барандаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё шуда буд, имсол дар бозии ниҳоӣ дастаи “Пхонан Стилерс”-и Кореяи ҷанубиро шикаст дода, ин ҷоми асосии футболи Осиёро ба худ ихтисос дод.

Ба ҳайъати тими мунтахаби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 инҳо шомил шудаанд:

Дарвозабон: Муҳаммадризо Ахборӣ (Трактор-Эрон),

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров (Истиқлол Тоҷикистон-Персеполис -Эрон), Янг Ҳунсоо (Ал-Ҳилол), Носир Ад-Давсарӣ (Ал-Ҳилол) ва Абдуллоҳ Ал-Умарӣ (Ан-Наср),

Нимҳимоятгарон: Маҳдӣ Туробӣ (Персеполис), Солим Ад-Давсарӣ (Ал-Ҳилол) ва Салмон Ал-Фараҷ (Ал-Ҳилол),

Ҳуҷумкунандагон: Мӯсо Мориғо (Ал-Ҳилол), Абдураззоқ Ҳамдуллоҳ (Ан-Наср) ва Бафетимби Гомис (Ал-Ҳилол).

Бар асоси матлаби Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button