ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ САДАМА ДАР БАЙНИ ҲАМАГӢ ЯКУНИМ СОАТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 29 декабр, дар фосилаи ҳамагӣ якуним соат – аз соати 18 то 19:30  – дар се минтақаи гуногуни ҷумҳурӣ – Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Хуросон – се садамаи марговар рӯй додааст, сабаби марги як пиёдагарду як ронанда ва ҷароҳат бардоштани як пиёдагарди ноболиғи соли таваллудаш 2005 шудааст. Танҳо дар ҳафтаи равон бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон дасти кам 10 нафар ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои ВКД, шоми 29-уми декабри соли 2021, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «ДАФ», Шодиев Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри Конибодом, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда Шодиев С.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тақрибан ҳамзамон бо ин ҳодиса, боз ҳам шоми 29-уми декабр, тахминан соати 18:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ниссан», Назаров Ҳиматшо Сафарбекович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар», дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Дӯстов Муҳаммадикром Кенҷабоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Дӯстов М.К. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, боз ҳам шоми 29-уми декабр, тахминан соати 19:30, як ронанда ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Раҳимбердиев Анварҷон Ғолибҷонович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ноболиғ Раҳимбердиев А.Ғ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Тоҷибоев Абдуваҳҳоб Шерматович, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи мазкур дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Дар соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button