ДИҚҚАТ! БАХТИЁР АЛИМОВ ХОТИРААШРО ҚИСМАН ГУМ КАРДААСТ. Ӯ ДАР БЕМОРИСТОН АСТ

Дар Интернет акси як муҳоҷир бо номи Бахтиёр Алимовро нашр кардаанд, ки дар шуъбаи шикастабандӣ (травматология) дар бемористони марказии ноҳияи Любертсии вилояти Маскав бистарӣ карда шудааст. Гуфта мешавад, Бахтиёр Алимов зоҳиран ягон 30-34 сол дошта, бо худ ягон ҳуҷҷат надорад. Ӯро бо аломатҳои осеби сар ва аз даст додани як қисми хотирааш бистарӣ кардаанд. Бахтиёр фақат номашро дар ёд дорад ва ҳам мегӯяд, як хоҳар дорад бо номи Миҷгона, ки ба гуфтаи вай, дар Маскав зиндагӣ мекунад.
Аз ҳамаи онҳое, ки Бахтиёр Алимовро дар ин акс шинохтанд, хоҳиш мешавад, ки бо шуъбаи шикастабандии бемористони Любертси тамос бигиранд.
Суроғаи бемористоне, ки Бахтиёр Алимов бистарист, чунин аст:
Вилояти Маскав, шаҳри Любертси, хиёбони Октябр, 338/1, бемористони марказии ноҳиявӣ, шуъбаи шикастабандӣ (травматология), ошёнаи якум..
Телефон:
+7 (495) 554-62-24
+7 (499) 638-31-50
E-mail: