ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсонҶомеа

АЗИЗА ДАВЛАТОВА БАРОИ АЗОБУ УҚУБАТ ВА МАРГИ МАДИНА БА 11 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи олии Тоҷикистон Азиза Давлатова, ҳамсари Парвиз (Лутфулло) Давлатовро ба 11 соли зиндон маҳкум карда, бар асоси қонуни афв билофосила як солро аз ҳукми ӯ кам кардааст. Азиза Давлатова ба шиканҷа ва азобу уқубати маъшуқаи шавҳараш Мадина Муҳаммадҷонова айбдор мешуд. Додгоҳи олӣ қаблан Парвиз Давлатовро низ дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадо ба 5 солу 4 моҳи зиндон маҳкум карда буд.

Як манбаъ, ки дар мурофиаи Азиза Давлатова ширкат доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Додгоҳи олӣ рӯзи 28-уми декабр дар СИЗО-и Душанбе содир шуд. Ба гуфтаи манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Азиза Давлатова аз додгоҳ 11 соли зиндон талаб кард.

“Додгоҳ ҳам Азиза Давлатоваро бо сӯиқасд ба одамкушӣ айбдор дониста, ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси қонуни афви соли 2021, як сол аз ҳукми Азиза Давлатоваро кам карданд. Ӯ акнун даҳ соли паси панҷара мемонад”, – гуфтааст манбаи Озодӣ.

Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29-уми декабр содир шудани ҳукм дар нисбати Азиза Давлатоваро тасдиқ кардаанд, аммо онро шарҳ надодаанд. Як масъули Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нусхаи комили ҳукм рӯзҳои наздик ба тарафҳо дода мешавад ва дар сурати норозӣ будан, онҳо метавонанд шикоят баранд. Наздикони Азиза Давлатова ва Мадина Муҳаммадҷонова ҳам то ҳол дар робита ба ҳукм вокуниш накардаанд.

Мурофиаи Азиза Давлатова ва ҳам шавҳараш Парвиз (Лутфулло) Давлатов паси дарҳои баста баргузор шуд.

Мадина Мамадҷонова, сокини 32-солаи Душанбе, шаби 25 августи имсол дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурда шуд. Ба гуфтаи табибон, ӯро чунон буғӣ карданд, ки чанд муддат ба майнаи сараш ҳаво (кислород) нарафтааст ва дар натиҷа, як қисми мағзи сари Мадина аз кор мондааст. Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд ва ҷараёни тафтишотро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе шахсан зери назорати худ гирифт. Маълум шуд, ки мақомоти милисаи ноҳияи Сино моҳи сентябр аъмоли Азиза Давлатоваро ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Танҳо баъди ин қазияро зери назорати худ гирифтани Рустами Эмомалӣ ва ин масъаларо дар ҷаласаи ҳукумат бардоштани президент Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи ноябр, қазия барои тафтиши дубора баргардонда шуда, Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатоваро ба ҳабс гирифтанд.

Мадина Мамадҷонова , ки аз 25 август, дар тӯли қариб 4 моҳ дар инҷо дар ҳолати кома қарор дошт, нимаи дуюми рӯзи 15 декабр ягон бор ба ҳуш наомада, дар Маркази милли тиббии “Шифобахш” (бемористони Қараболо) вафот кард. Ӯро рӯзи 16 декабр дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.

Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон талаб карда буданд, то тамоми мансабдороне, ки ба коррупсия роҳ дода, пора гирифтанд ва ин парвандаро пӯшонданд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд. Дар аввали моҳи ноябр сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода ва муовинаш Истам Машрафзода,  муовини аввали додситони ноҳияи Сино  Сӯҳроб Салимзода, ҳамчунин Шукур Раҳимов, муовини сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД-2 ноҳияи Сино, ки то расондан ба марҳалаи афв муфаттиши нахустини қазияи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова будааст, аз мақомҳояшон барканор карда шуданд. Аммо Машраф Истамзода билофосила баъди барканориаш ба мансаби боз ҳам баландтари муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъйин шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button