ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР АЗ ЭҲТИМОЛИ ФАРОМАДАНИ ТАРМА ДАР КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то рӯзи 29-уми декабри соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қаламрави ВМКБ хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба мавзеъҳои тармарез худдорӣ кунанд, ба кӯҳсор барои ғунучини ҳезум ва шикор низ нараванд.

КҲФ аз кулли аҳолии кишвар, ки дар ноҳияҳои кӯҳистон ва наздикӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, хоҳиш менамояд хеле ҳушёр ва бадиққат бошанд.  Бахусус, фарзандони худро назорат кунанд, кӯдакон ва наврасонро танҳо нагузоранд, ки аз хонаву ҳавлӣ берун шаванд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар дар бораи вазъи роҳҳо хабардор шаванд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятиро риоя кунанд.

Риояи фосилаи байни мошинҳо гарави аслии сафари бехатару амн аст.

Бадиққат бошед, қоидаҳоро риоя кунед! Суръати ҳаракатро боло набаред ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наандозед!

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 26 ва 27 декабр ҳаво дар Тоҷикистон якбора сард шуд ва дар аксари манотиқи кишвар барфи зиёд борид. Барф аз ҷумла ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои кӯҳистон, аз ҷумла дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд мушкил гардонда, сабаби чандин садамаи марговар шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button