ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОМОНАҲОИ ВКД ТОҶИКИСТОН БАЪДИ СЕ РӮЗ ДУБОРА ДАСТРАС ШУД

Сомонаҳои расмии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки аз субҳи 24 декабр аз Интернет ғайб зада буданд, рӯзи 27 декабр дубора дастрас шудаанд. Дар тӯли се шабонарӯз Интернет баробари чидани суроғаи сомонаи ВКД – vkd.tj – огоҳии маъруфи  “404 Not Found error”-ро нишон дода, хабар медод, ки “чунин сомона бо чунин суроға (URL) дар сервер вуҷуд надорад”.

Ин боиси сарусадоҳое  шуд, зеро сомонаҳои ВКД, ки ба сурати хеле фаъолона ҳар рӯз нав карда мешаванд, яке аз пурхонандатарин дар байни сомонаҳои идораҳои давлатии Тоҷикистон ба шумор мерафтанд. Ин сомонаҳо, ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешаванд,  дар баробари маълумотти расмӣ дар бораи фаъолияти ВКД ҳамчунин ҳар рӯз муҳимтарин рӯйдодҳо аз навори хабарҳои криминалии рӯзро низ нашр мекарданд.

Подполковник Гул Маҳбуба (Парвина Гулова),   сардори сомонаи расмии ВКД  Тоҷикистон рӯзи 25 декабр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, сомонаҳои ин вазорат “бо сабабҳои анҷом додани корҳои техникӣ-профилактикӣ сомонаи ВКД муваққатан фаъолият накарда истодааст. Ин ҳолати муқаррарӣ буда, корҳои техникӣ ҳамасола пеш аз Соли нав анҷом дода шуда, дар зудтарин фурсат сомона ба фаъолияти худ оғоз менамояд. Бинобар ин аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҳар гуна овозаҳо ва хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд”, – навишт сардори сомонаи расмии ВКД, подполковники милитсия Гул Маҳбуба.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button