ВидеоТаърихТоҷикистонЧеҳраҳо

САИДХОҶА ӮРУНХОҶАЕB – ТОҶИКЕ, КИ ҲАТТО БА КРЕМЛ БО ҶОМАЮ ТОҚИИ ТОҶИКӢ МЕРАФТ…

Имсол ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 120-сола шуд. Вале чунин ба назар мерасад, ки кору пайкори ӯ батадриҷ ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад…

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев яке аз чеҳраҳои маъруфи халқи тоҷик аст, ки барои пешрафту шукуфоии Ватан хизматҳои мондагоре кардааст. Замоне Тоҷикистонро дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо номи ӯ мешинохтанд.

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев соли 1901 дар деҳаи Шайхбурҳони уезди Хуҷанд вилояти Фарғона, империяи Русия ба дунё омадааст. Аз соли 1936 то соли 1967 дар ноҳияи Хуҷанд ба ҳайси раиси колхоз кор кардааст. Колхози “Москва”, ки Урунхоҷаев роҳбарӣ мекард, яке аз бузургтарин колхозҳои он даврон буд  ва солона 20 миллион сӯм даромад дошт. Ба ғайри худи ӯ, ки ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ шуд, боз 18 колхозчии колхози “Москва” соҳиби чунин унвон шуданд, ки дар Тоҷикистон ягон колхози дигар чунин дастовард надошт.

Бори аввал соли 1948 ба муносибати 30 – солагии Инқилоби Октябр ба ӯ унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистиро доданд. Маротибаи дувум соли 1957 барои саҳми арзанда дар сохтмони Қасри Арбоб ба ин унвон сазовор гардид.

Бо сарварии ин абармард на танҳо Қасри Арбоб (1951 – 1957), балки мактаб-интернат барои 600 тарбиягиранда (1959 – 1962), санатория дар мавзеи Ҳавотоғ, 2 беморхона, 3 дармонгоҳ, 16 бунгоҳи тиббӣ, 2 боғчаи доимамалкунанда ва 14 боғчаи мавсимӣ бунёд шудаанд.

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ба фарҳанги миллӣ эҳтироми баланд дошт ва доим ҷомаю тоқӣ ба бар мекард. Ҳатто, ба чорабиниҳои расмӣ бо либоси миллӣ мерафт. Масалан, соли 1960 Шӯрои Олии СССР қарор мекунад, ки вакилон ба ҷаласа бо либоси расмӣ ҳозир шаванд. Аммо Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев иштирокашро дар он рад менамояд. Ин мутасаддиёнро водор месозад, ки ба қарор бо мазмуни зайл тағйирот ворид созанд: “Ба ғайр аз ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дигарон бояд бо либоси расмӣ ҳозир шаванд”.

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 14 сентябри соли 1967 дар синни 66 дар зодгоҳаш деҳаи Шайхбурҳон аз олам чашм пӯшид ва дар шафати Қасри Арбоби сохтааш ба хок супурда шуд.

Баъди маргаш колхозеро, ки ӯ роҳбарӣ мекард, ба номаш гузоштанд ва дар саҳни Қасри Арбоб нимкайкараашро ҳам гузоштанд.

Дар мазори Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ин абёт ҳаккокӣ шудааст:

Ёд дорӣ, ки вақти зодани ту

Ҳама хандон буданду ту гирён?

Ончунон зӣ, ки ба вақти мурдани ту

Ҳама гирён шаванду ту хандон…

Қасри Арбоб

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button