ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

ВАКИЛИ ДАРВОЗ: АГАР ВАЗЪ ДАР БАДАХШОН ОРОМ НАШАВАД, ДАРВОЗРО ҶУДО МЕКУНЕМ (ВИДЕО)

Давлатзод Ҳаким Алишӣ, вакили маҷлиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳавзаи №40 ноҳияи Дарвоз дар иҷлоси маҷлиси вилоят гуфт, бояд муқоиса кард, ки “дар он тарафи дарё ҳамсоягони мо дар чӣ аҳвол қарор доранд, ҳама хуб медонем.” Вакили ноҳияи Дарвоз гуфт, агар дар вилояти Бадахшон мисли дигар минтақаҳо амну субот таъмин нашавад, “мо тақдири сокинони ноҳияи Дарвозро дар ҳайъати дигар минтақа мебинем. “

Намояндагони ҷомеиаи шаҳрвандии Бадахшон суханронии 2 вакил аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ дар маҷлиси вилоятиро “ташкилшуда” мешуморанд. Вакил аз Ванҷ низ бо изҳори нигаронӣ аз вазъи Хоруғ гуфта буд, сокинони ин ноҳия барои ҳалли мушкилоти худ ба вилояти Хатлон ё ба Душанбе муроҷиат мекунанд, то ба Хоруғ.

Ҳаким Давлатзод дар суханрониаш аз вазъи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, Хоруғ шаҳри зебост, ки обод шуда истодааст, “аммо бе амният ва тартибот ин ҳама ободиҳо тез аз байн мераванд.” Давлатзод гуфт, ҳодисаҳое, ки дар Хоруғ рух дод, на дар Хуҷанду Бохтару Кӯлоб ва на дар Рашт дида мешаванд. Вакили ноҳияи Дарвоз ҳодисаҳои ахир дар Хоруғро кори дасти “ҷинояткорон” ва “гуруҳи авбошон” номид ва гуфт: “Дарахтонро буриданд. О дарахт чӣ гуноҳ дорад? Ин чӣ хел мешавад, ки як гуруҳ авбошон кормандони прокуратура, милитсияро дар кӯчаҳо латтукӯб мекунанд? Ва мо дар ТВ дидем, ки ҷинояткорон ҳатто сардори милитсияи шаҳри Хоруғро латтукӯб карда, қариб куштанӣ буданд.”

Ҳаким Давлатзод аз пешрафтҳои ноҳияи Дарвоз ва қариб аз дотатсия баромаданаш ситоиш кард ва гуфт: “Мо ҳатто ба дигар ноҳияҳо дар иҷрои буҷа ёрдам мекунем. Аммо имрӯз аз сабаби бедодгарии чанд ҷинояткор  дар шаҳри Хоруғ рушди ноҳияи Дарвоз низ суст шуда истодааст. Гарчанде ки Хоруғ дар масофаи дур аз Сағирдашт ҷойгир шудааст, вале азоби бетартибиҳои Хоруғро мо низ кашида истодаем.”

Ӯ аз ҷумла аз нақшаи сохтани як корхонаи истеҳсоли ҳасибу панир ва маҳсулоти ширӣ дар Дарвоз ёдовар шуд, ки ба гуфтаи вакили ноҳия, “баъди сар задани бетартибиҳо дар Хоруғ сармоягузорони хитоӣ аз сармоягузорӣ ба ин корхона даст кашиданд.”

Ҳаким Давлатзод ҳамчунин гуфт, “аз дасти ин ҷинояткорон мо метарсем, ки фарзандони худро ба маркази вилоят (барои таҳсил) равона созем. Нафарони оддӣ, ки барои аёдати беморонашон ба Хоруғ меоянд, ё соҳибкороне, ки ба бозори Хоруғ картошка ва маҳсулоти дигар меоранд, дар тарсу ҳарос қарор доранд ва аз тарафи гуруҳҳои ҷиноятӣ латтукӯб карда мешаванд. Ин чӣ ҳол аст? Мо то кай хомӯш меистем ва ин бедодгариҳоро мебардорем? Дар Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Рашт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қонун пурра побарҷост ва тартиботу амният таъмин мешавад. Аммо дар Бадахшон 30 сол боз бедодгарӣ рафта истодааст. 3-4 ҷинояткор, ки тамоми сокинони Хоруғ онҳоро медонанд, озодона мегарданд, ҳамаро таҳқир мекунанд, силоҳ доранд, ва аз ҳама бад инки қисми сокинон онҳоро дастгирӣ мекунанд ва барои ҳимояи ҷинояткорон гирдиҳамоӣ ташкил мекунанд. Агар пеши роҳи гуруҳҳои ҷинояткор гирифта нашавад, баъди 3-4 сол, вазъият фалокатбор мегардад.

Ман доим аз бадахшонӣ буданам ифтихор дорам, аммо имрӯз аз дасти ҷинояткорон сари мо ҳам хам шудааст.  Муҳтарам раис! Оё шумо пеши роҳи ҷинояткоронро гирифта метавонед?  Дар сурати таъмин нашудани амну субот дар вилоят мо тақдири сокинони ноҳияи Дарвозро дар ҳайъати дигар минтақа мебинем. “

Ба фарқ аз манотиқи дигари ВМКБ, ки асосан пайравони мазҳаби исмоилия ба сар мебаранд,  дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, ки дар ғарби вилояти Бадахшон ҷойгир шудаанд, ва ҳамчунин дар ноҳияи Мурғоб дар шарқи ин вилоят аксари аҳолиро суннимазҳабон ташкил медиҳанд.

Дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90, ки Бадахшон таҳти назорати нирӯҳои мухолифин қарор дошт, ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвозро аз ин ноҳия ҷудо карда, ба ноҳияи Тавилдара, ки он вақт зери тасарруфи нирӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифта буд, дода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Замоне, ки мо дар иҳотаи ду душман қарор дорем, бояд дар фикри мустаҳкам кардани давлат бошем, на хостори пошхӯрии он.
    Ин гуфтаҳои вакили дарвозӣ ҷинояткорона аст.
    Ин изҳороти аблаҳона шабеҳи он аст, ки гӯӣ: чашмам дард мекунад, чашмамро биканед!
    Бадахшонро бо решакан кардани ҷиноят ором бояд кард, на бо баркандани Дарвоз!
    Ин вакил ва ҳар он касе, ки чунин фикри девонавору хоинона дорад, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад аз рӯи қонун!

    Устод Лоҳутӣ дар ҳаққи чунин вакилон гуфтааст:
    Вакилону вазиронанд хоин, фош мегӯям,
    Агар дар зери теғам, ё ба рӯи дор, ё ҳар ду!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button