ВидеоТоҷикистон

ПОДПОЛКОВНИК ГУЛ МАҲБУБА: СОМОНАИ ВКД БА САБАБИ КОРҲОИ ПРОФИЛАКТИКӢ КОР НАМЕКУНАД

Подполковник Гул Маҳбуба (Парвина Гулова),   сардори сомонаи расмии ВКД  Тоҷикистон рӯзи 25 декабр дар саҳифааш дар Фейсбук дар пайи матлаби пойгоҳи хабарии “Бомдод” сабаби кор накардани сомонаи ин вазоратро расман шарҳ дод.

“Ба маълумоти хонандагони сершумори сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ мерасонам, ки бо сабабҳои анҷом додани корҳои техникӣ-профилактикӣ сомонаи ВКД муваққатан фаъолият накарда истодааст. Ин ҳолати муқаррарӣ буда, корҳои техникӣ ҳамасола пеш аз Соли нав анҷом дода шуда, дар зудтарин фурсат сомона ба фаъолияти худ оғоз менамояд. Бинобар ин аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҳар гуна овозаҳо ва хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд”, – навиштааст сардори сомонаи расмии ВКД, подполковники милитсия Гул Маҳбуба.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан хабар дод, ки аз субҳи 24 декабр, инак беш аз як шабонарӯз аст, ки сомонаҳои расмии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз Интернет ғайб задаанд.  Интернет баробари чидани суроғаи сомонаи ВКД – vkd.tj – огоҳии маъруфи  “404 Not Found error”-ро нишон дода, хабар медиҳад, ки “чунин сомона бо чунин суроға (URL) дар сервер вуҷуд надорад”.

Чанд пойгоҳи интернетие, ки вазъияти сомонаҳои мавҷуда дар ин шабакаи ҷаҳониро пайгирӣ мекунанд, дар посух ба дархости идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” пиромуни сарнавишти сомонаҳои ВКД Тоҷикистон чунин хулоса доданд, ки сомонаҳои суроғаашон vkd.tj  ба эхтимоли ғолиб ба сабаби дучори ҳамлаҳои ДДОС ҳамлаҳои ҳакерҳо) шуданашон нопадид шудаанд.

ВКД Тоҷикистон дар сомонаҳояш ҳар рӯз муҳимтарин рӯйдодҳо аз навори хабарҳои криминалии рӯз ва ҳамчунин маълумоти расмӣ дар бораи фаъолияти ин вазоратро нашр мекард.

Дар гузашта низ чанд мавриди ҳамлаи ҳакерҳо ба сомонаҳои расмии идораҳои давлатии Тоҷикистон сабт шудааст. Аз ҷумла дар соли 2015 сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса дучори ҳамлаи ҳакерӣ шуд. Тайи беш аз се рӯз дар сомонаи сафорати Тоҷикистон эълоне бо забони фаронсавӣ овехта шуда буд: “#Op France MUSULMAN ET JE SUIS PAS CHARLI”,  ки тарҷумааш чунин аст: «О, Фаронса. Ман мусалмонам, на Шарли».  Ин ҳамлаи ҳакерӣ дар пайи ҳамлаи террористӣ ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии «Шарли Эбдо» сурат гирифт. Тундравон ба идораи маҷалла ҳамчун интиқом барои нашри карикатураҳои Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ҳамла карда буданд.

Дар соли 2016 сомонаи расмии вазорати маорифи ва илми Тоҷикистон низ дучори ҳамлаи ҳакерии  тундравон шуд. Дар сомонаи www.maorif.tj ба забони англисӣ ҳушдоре аз номи гуруҳи исломгарои «Tunisian Fallaga-Team» овехта шуда буд, ки дар он аз Русия ва дигар ҳукуматҳои пуштибони режими Башор Асад даъват карда мешуд, ки “тахриби мактабҳову хоназо ва бемористонҳоро дар Сурия ва куштори мусалмононро дар Сурияву Чеченистон бас кунанд.”

Ба мутахассисони фаннии ширкати “Вавилон” танҳо баъди як шабонарӯз муяссар шуд, ки сомонаи вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро барқарор кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button