ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АМАЛИЁТИ НАҶОТИ СЕ САГ ДАР КӮЧАИ АЭРОПОРТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи як амалиёти наҷоти ғайриоддӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод. Наҷотбахшони ин ниҳод шаби 23 ба 24 декабр дар кӯчаи Аэропорт 3 сагро, ки дар даруни лӯлаи об дармонда буданд, наҷот додаанд.

Бино ба ин манбаъ, шаби 23 декабр, соати 21:35 сокинони кӯчаи Аэропорт, 25 ба қисми навбатдории КҲФ занг зада, хабар додаанд, ки аз даруни лӯлаи об садои уллоси сагон ба гӯшашон мерасад. Наҷотбахшони раёсати КҲФ шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса расида, муайян карданд, ки 3 саг дар даруни лӯлаи об дармондаанд ва навмедона дар даруни лӯла печутоб хӯрда, уллос мекашанд ва роҳи баромаду наҷот меҷӯянд.

Наҷотбахшон бо кумаки таҷҳизоти махсус лотоки оҳану бетониро  сӯрох карданд, то битавонанд вориди он шуда, ҷонварони бечораро наҷот диҳанд.

Баъди ин яке аз наҷотбахшон тавассути он сӯрох ворид шуда, пойин фаромад ва сагҳоро якто якто гирифта, ба боло ба ҳамкорони дигараш дод. КҲФ менависад, ки сагҳо баробари наҷот аз асосарт “бо истифода аз торикии шаб” фирор карданд.

КҲФ хабар медиҳад, ки наҷотбахшонаш рӯзи 24 декабр ҳамчунин ду дафъа ба кумаки сокинон барои боз кардани дарҳои ногаҳон маҳкамшудаи хонаҳояшон шитофтаанд. Дар як хона писарчаи яксола ва дар мавриди дуюм духтарчаи дусола дар он хонаҳои масдудшуда танҳо монда буданд.

Наҷотбахшони рӯзи 24 декабр ҳамчунин ба сокини кӯчаи Мушфиқӣ, 89/5 барои буридани шохаи як дарахти бузург, ки болои ҳавлиаш овезон шуда буд, кумак кардаанд. Ин сокин ба қисми навбатдорӣ занг зада, хабар дода буд, ки хатари чаппа шудани дарахт дар ҳавлиаш пеш омадааст. Кормандони КҲФ бо арраи бензинӣ он шохаи овезоншударо бурида, хатари чаппа шудани дарахтро аз байн бурдаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button