ВидеоДин ва боварҳо

ЯК ЗАНРО БАРОИ ГУЗАРОНДАНИ ТӮЙИ НАБЕРАҲОЯШ ВА ОВОЗХОНРО БАРОИ ХИДМАТ ДАР ИН ТӮЙ ҶАРИМА БАСТААНД

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон як сокини туркмантабори ин ноҳияро барои бар хилофи қонуни танзими расму ойин баргузор кардани хатнасӯри набераҳояш ва ҳамчунин як овозхони маҳаллиро барои хидмат ва ҳунарнамоӣ дар ин тӯйи ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст.

Бино гузориши маркази матбуоти Додситонии кул,  Аннамова Бибиоиша Абидовна, сокини  деҳаи Қаҳрамони ҷамоати ба номи Г.Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ бар хилофи талаботи қонуни танзим амал карда, рӯзи 8 сентябри соли 2021 рӯзона дар ҳавлии истиқоматиаш “бидуни хабардор намудани мақоми ваколатдор ва комиссияи доимии маҳаллӣ доир ба баргузории «хатнасӯр», маъракаи «хатнасӯр»-и наберагонаш, Аннамов Жангелдӣ Бердимурадович, санаи таваллудаш 21 августи соли 2014 ва Аннамов Керим Бердимуратович, санаи таваллудаш 18 августи соли 2016-ро бо додани таом ба ҳамсоягон ва хешу таборонаш гузаронида, баъдан худи ҳамон рӯз аз соати 1900 то соати 2200 дар назди ҳавлии истиқоматиаш бо хизматрасонии санъаткорон базми тӯйи «хатнасӯр»-ро гузаронидааст.”

Ҳамин тавр, хабар медиҳад маркази матбуоти Додситонии кул,  Хушвахтов Абдусатор Чориевич, ки аз 5 октябри соли 2017 худро дар Нозироти андози ноҳияи Дӯстӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном карда, дар ҷашну маъракаҳо ба сурудхонӣ машғул буд, “бар хилофи талаботи қисми 1-и моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, … рӯзи 8 сентябри соли 2021 дар асоси шартнома аз соати 1900 то соати 2200 дар назди ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Аннамова Б.А. бо хизматрасонии санъаткорон базми тӯйи «хатнасӯр»- и наберагони ин шаҳрванд “хидмат” кардааст.”

Тибқи моддаи 9 қонуни танзими расму оин, хатнасӯр танҳо дар доираи оила ва бидуни даъвати санъаткорон бояд гузаронида шавад.

Ба ин далели прокурори ноҳияи Дӯстӣ нисбат ба Аннамова Б.А. ва  Хушвахтов А.Ч. бар асоси қисми якуми моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба додгоҳ супурдааст.

Маркази матбуоти Додситонии кул гуфт, бо қарори додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ ҳам соҳиби тӯй ва ҳам овозхон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, вале чӣ ҷазо гирифтани онҳоро мушаххас накардааст. Вале қисми якумми моддаи 481 ҳамчун ҷазо барои вайрон кардани қонуни танзим ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи 6600 сомониро пешбинӣ мекунад.

Қонуни танзим

Моддаи 9. Хатнасур

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

  1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.
  5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муаяйн менамояд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ

Моддаи 481. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1466)

1. Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим,

– ба шахсони воқеӣ ба андозаи яксаду даҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1466), (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1785)

2. Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин,

– ба андозаи ҳафтсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1466), (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1785)

 3. Барои дағалона ё дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, инчунин дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим.

ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсаду панҷоҳ,  ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад,  ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи нуҳсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1785)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button