ВидеоКоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СОКИНИ ХУҶАНД БО 8600 ДОЛЛАРИ ҚАЛБАКӢ

Маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони ин ниҳод рӯзи 9 декабр   дар ҳудуди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, сокини кӯчаи Гагарини ин шаҳр Ҳамидов Абдураҳмон Абдуҳамидович, соли таваллудаш 1984–ро  бо иттиҳоми ба муомилот баровардани асъори хориҷии қалбакӣ дастгир кардаанд. Ҳангоми аз назаргузаронии шахсӣ аз Абдураҳмон Ҳамидов  86 (ҳаштоду шаш) адад купюраҳои 100 доллари ИМА ёфта гирифта шудааст.

“Маблағҳои мазкур ба меъёрҳои технологии тайёркунӣ ва ба купюраҳои дар муомилот будаи аслӣ мувофиқат накарда, бо тарз ва усули чопии компютери технологияи ранга тайёр карда шудаанд. Муайян карда шуд, ки Ҳомидов  Абдураҳмон Абдуҳамидович  86 адад купюраҳои қалбакии 100  доллари ИМА- ро аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шахси ба тафтишот номаълум бо номи Салим бо мақсади ба муомилот баровардан ба даст овардааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Агентии мубориза бо маводи мухаддир.

Нисбат ба шаҳрванд Ҳамидов Абдураҳмон бар асоси моддаи 281, қисми 2 бандҳои “а” ва “б”-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми тайёр кардан ва ба муомилот баровардани миқдори бузурги пулҳои қалбакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ба Ҳамидов бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button