ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

КАНАЛИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН ДАР ЮТУБ АЗ НАВ БОЗ ШУД

“Ислоҳ ТВ”, яке аз пуртамошобинтарин каналҳои оппозитсияи тоҷик дар шабакаи Ютуб, ки  рӯзи 20 декабр масдуд шуд, дубора боз шудааст.

Муҳаммадиқболи Садриддин, муассиси “Ислоҳ ТВ” дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Ютуб дар тавзеҳаш навиштааст, ки азбаски аз суроғаҳои мухталиф ба канали “Ислоҳ ТВ” ҳамлаҳои муташаккилона сурат гирифт, маъмурияти шабакаи маҷбур шуд, ки барои таҳқиқ каналро як муддат масдуд кунад. Ӯ гуфт, “ба эҳтимоли ғолиб, ин ҳамлаҳоро мақомот ташкил кардаанд, чунки барномаҳои мо сахт асабониашон мекунад.”

Мақомоти Тоҷикистон ин қазияро шарҳ надодаанд.

“Ислоҳ ТВ”, ки яке аз минбарҳои умдаи мухолифин ба шумор рафта, ба шакли суҳбатҳои мустақим бо мардум барнома пахш мекунад. Ин канал, ки бо як лаҳни шадид аз ҳукумати кунунии Тоҷикистон интиқод мекунад, беш аз 150 ҳазор обуначӣ дошта, видеоҳояшро ҳудуди 95 миллион маротиба  тамошо кардаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Фаронса ба сар мебарад, дар Ютуб як канали дигар бо номи “Ислоҳ Плюс” ва ҳамчунин сомонаи “Ислоҳ.Нет”-ро мечархонад. Суҳбатҳои мустақими ин раҳбари мухолифин ҳамчунин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва асосан аз тариқи Фейсбук низ мустақим пахш мешаванд.

Ҳамчунин дар сояи афзоиши тамошобинҳои “Ислоҳ ТВ” бар пояи видеоҳои ин канал дар Ютуб чанд канали дигар, ба мисли “Хулоса ТВ”,  “Дурбин ТВ”, “Уфуқ ТВ”  ва ғайра пайдо шудаанд, ки асосан аз ҳисоби бознашри пораҳое аз суҳбатҳои мустақими Муҳаммадиқболи Садриддин дар канали “Ислоҳ ТВ” тамошобин ҷамъ меоранд.

Манобеи наздик ба ҳукумати кунунии Тоҷикистон низ “Ислоҳ ТВ” –и Муҳаммадиқболи Садриддинро муваффақтарин тарҳи матбуотии оппозитсияи кунунӣ дар хориҷ эътироф мекунанд ва мегӯянд, дар Душанбе хеле нигарони таъсири он ба зеҳри мардум, бахусус ба зеҳри муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар мебошанд. Ҳамчунин тавассути “Ислоҳ ТВ” ҳар ҳафта бо такя ба манобеи ин шабака дар дохили ҳукумат сели компроматҳо дар бораи мансабдорони баландпояи ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва афроди наздик ба ин ҳукумат нашр мешаванд, ки низ мояи ташвишҳои ҷиддие дар Душанбе шудааст.

“Дар умум, метавон гуфт, ки фаъолияти тамоми оппозитсия дар хориҷ дар чанд соли охир ин қадар таъсире надошт, то як канали Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин аст, ки имрӯз бештар аз ҳама, ҳатто бештар аз Муҳиддин Кабирӣ ё Радиои Озодӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва канали вай дучори ҳамлаҳои “фермаи ҷавоб” шудааст. Фикр мекунам, дар пайи хабари боз шудани каналаш ӯро мавҷи наву боз ҳам бузургтари ҳамлаҳои троллҳо дар пеш аст”,  – гуфт як таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ аз бурдани номаш худдорӣ кард.

Мақомот Муҳаммадиқболи Садриддин ва канали ӯро ба паҳн кардани туҳмату буҳтон дар бораи аъзои калидии ҳукумат ва хешу табори президент Эмомалӣ Раҳмон айбдор мекунанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин қаблан чандин бор гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон тавассути афроди худ аз “Авангард” ва “фабрикаи ҷавоб” талош доранд, ки сели шикоятҳоро ба шабакаҳои иҷтимоӣ равон карда, каналҳои ӯро бубанданд. Қаблан бар асоси сели шикоятҳо саҳифаи ӯро дар Фейсбук  низ чанд муддат баста буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button