ВарзишВидео

ЭЪЛОНИ 10 ВАРЗИШГАРИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2021: ТЕМУР, АКМАЛИДДИН, МИҶГОНА ВА …

Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини солро муайян кард.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони панҷ намуд – гуштини дзюдо ва бокс (сенафарӣ), гуштини самбо (2 кас), гуштини озод ва таэквондо ВТФ (якнафарӣ) – дохил шуданд. Темур Раҳимов дар намудҳои олимпӣ, Акмалиддин Каримов дар намудҳои ғайриолимпӣ варзишгарони беҳтарини сол дониста шуданд. Миҷгона Самадова дар миёни занон беҳтарин варзишгари сол эътироф гардид.

«Соли 2021 барои варзишгарони тоҷик соли имтиҳони ҷиддӣ буд. Даҳ варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Токио ширкат карданд. Вале, мутаассифона, онҳо натавонистанд медал ба даст биёранд. Зимнан, аз байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон бе медал монд», – иброз дошт Нарзулло Латипов.

Рӯйхати даҳгонаи беҳтарин варзишгарони сол:

Темур РАҲИМОВ (гуштини дзюдо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни +100 кг дар Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) дар Бокуи Озарбойҷон, медали биринҷии мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2021” дар Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Душанбе. Акмалиддин КАРИМОВ (гуштини самбо) – барандаи медали тиллои чемпионати ҷаҳон дар вазни 58 кг дар Тошканди Ӯзбекистон, медали нуқраи Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии гуштини самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия.

Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (гуштини дзюдо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 90 кг дар Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” (“Abu Dhabi Grand Slam 2021”) дар Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар Душанбе.

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (гуштини дзюдо) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 73 кг дар Бишкеки Қирғизистон.

Хушқадам ХУСРАВОВ (гуштини самбо) – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 64 кг дар Тошканди Ӯзбекистон, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия.

Далер РИЗОЗОДА (гуштини юнониву румӣ) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 77 кг дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон.

Миҷгона САМАДОВА (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, медали тиллои Ҷоми ҷаҳон дар Нижневартовски Русия. Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 64 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб.

Шаббос НЕЪМАТУЛЛОЕВ (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 81 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб.

Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 67 кг дар Бейрути Лубнон.

Манбаъ: https://www.ozodi.org/a/31618805.html

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button