ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ИХРОҶИ ПАНОҲҶӮИ ТОҶИК ОДИЛХОН С. АЗ ПОЛША БАРОИ ПУШТИБОНИАШ АЗ ДОИШ

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Одилхон С., ки моҳи апрел тавассути Беларус вориди Полша шуда буд, аз ҷониби Агентии амнияти дохилии Полша (ABW) аз ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ба далели пуштибониаш аз созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ)  ихроҷ карда шуд.

Станислав Жарин, сухангӯи вазири ҳамоҳангсози фаъолияти ниҳодҳои амниятии Полша (Лаҳистон) рӯзи 20 декабр дар як нишасти хабарӣ гуфт, мақомоти амниятӣ паноҳҷӯи тоҷикро ҳамчун тундрави мазҳабӣ муқаррар карданд ва ба хулосае омаданд, ки ҳузури ӯ дар кишвар ба амнияти Полша таҳдид мекунад. Радиои Полша гуфт, Одилхон С. ба ҳамин далел ихроҷ карда шуд.

Станислав Жарин дар суҳбаташ бо журналистон гуфт:   “Рӯзи 10 ноябр шаҳрванди Тоҷикистон Одилхон С. аз Полша ихроҷ карда шуд. Агентии амнияти дохилӣ ӯро ҳамчун тундрави мазҳабӣ  ва тарафдорӣ “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба қалам дод. Ӯ дар байни он хориҷиёне буд, ки ба Полша тавассути Беларус ворид шуданд. Ӯ марзи Беларус бо Полшаро моҳи апрел аз тариқи роҳи ташкилкардаи мақомоти амниятии Беларус гузаштааст.”

Баъди убури марз сарҳадбонони Полша Одилхонро дастгир карданд. То замони баррасии парвандааш ӯ дар боздоштгоҳи Хадамоти марзбонии Полша қарор доштааст. Одилхон С. дар пайи ихроҷаш барои се сол аз ҳаққи вуруд ба Полша ва минтақаи Шенген низ маҳрум карда шудааст.

Полша мақомоти Беларусро ба пайгирона фиристодани фавҷи муҳоҷирон ба марзҳои ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо  бо мақсади эҷоди буҳрони муҳоҷирон дар Аврупо айбдор мекунад. Дар Варшава мутмаинанд, ки Минск мехоҳад бо ирсоли паноҳҷӯён аз Полша барои пуштибонии бечунучарояш аз мухолифини режими Александр Лукашенко интиқом бигирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button