ВидеоНомаҳо ба президентСиёсат

БО САДОИ СУРФАОЛУД: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПАЁМАШ ГУФТ, МАОШҲО БОЛО БУРДА МЕШАВАНД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 декабр дар паёми солонааш солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон кард.

Ӯ ҳамчунин гуфт, воридоти  электромобилҳо, электровозҳо ва троллейбусҳо аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз озод карда шавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “мо ҳисоб карда баромадем, ки  ҳар сол 700 млн доллар фақат барои харидани сӯзишворӣ сарф мешавад.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз моҳи январ маош и низомиҳо25 фоиз боло бурда мешавад, маоши муаллимон ва стипендияи донишҷӯён 20 фоиз ва нафақаи маъюбон 50 фоиз низ афзоиш дода хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “бидуни рушди маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем. Ман чунин мешуморам, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва сармоягузорӣ ба маориф асоси рушди давлату ободии миллат аст.” Ӯ гуфт, хуб медонад, ки заминаи рушди чӣ Ҷопону чӣ Сингапур маблағгузорӣ ба риштаи маориф буд.

Вай гуфт, дастпарварони мактабҳои Тоҷикистон бояд ҳадди ақал ду забони хориҷӣ: англисӣ ва русиро хуб бидонанд. Вале Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар кишвар омӯзгорони хуби забонҳои хориҷӣ қариб нестанд.

“Аксари омӯзгорон бо шеваҳои нави таълим ошно нестанд. Мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат шумора! Диплом медиҳем, қоғаз медиҳем ба донишҷӯ, вале дар калла ҳеҷ чиз нест. 10 сол баъд ба ҳукумат ва идораҳои давлатӣ бояд танҳо онҳоеро ба кор бигиранд, ки ду забони хориҷиро мисли забони модариашон бидонанд”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди онки дар 30 соли охир дар Тоҷикистон 187 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб тайёр карда шудаанд, имрӯз дар бемористонҳои кишвар боз ҳам мутахассис намерасад.  “Аъзои ҳукумат сараш дард кунад, ба хориҷа мераванд, эътиқод ба мутахассисони худ надорем”, – гуфт ӯ ҳамчунин. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора, ки ҳазорон нафар аз табибони тоҷик ба хотири маоши беҳтар ва шароити хубтари кору зиндагӣ ба кишварҳои дигар ва асосан ба Русия кӯчида мераванд, чизе нагуфт.

Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аҳолӣ барои алоқаи мобил аз ҳад зиёд харҷ мекунад ва телефону компютер имрӯз ҷои бозичаҳои кӯдаконро гирифтаанд. Эмомалӣ Раҳмон аз оқибатҳои истифодаи беш аз ҳадди телефон ва имкони ба бемориҳое, чун саратони мағзи сар овардани он, ҳушдор дод ва гуфт, сокинони Тоҷикистон дар 10 соли охир барои алоқаи мобил беш аз 30 миллиард сомонӣ харҷ кардаанд. “Ин қариб 3 миллиард доллар мешавад. Мо бо ин пул метавонистем нирӯгоҳи Роғунро бисозем”, – таъкид кард ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон имсол паёми солонаашро моҳи декабр ироа кард. Солҳои ахир ӯ паёмашро ба парлумон ва мардум моҳи январ ироа мекард.

Дар ҷараёни суханронии Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида мешуд, ки ӯ сахт шамол хӯрдааст. Президент ба далели гулӯяшро гирифтани сурфа чанд дафъа суханрониашро қатъ кард ва баъди ошомидани чанд ҷуръа об ва рост кардани нафасаш ба суханронии худ дигарбора идома дод.

Ироаи паёми президенти Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад.

Мунтақидон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солонааш асосан ба муваффақиятҳои ҳукумати худ тамаркуз мекунад ва аз камбудиҳо хеле кам мегӯяд.

Эмомалӣ Раҳмон 69 сол дошта, аз поёни соли 1992, инак 29 сол боз роҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад. Тарафдоронаш мегӯянд, ки ӯ тавонист кишварро аз ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ берун кашида, давлатдории тоҷиконро баъди 1000 сол барқарор кунад. Вале мунтақидон ва мухолифон бар инанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон як режими худкомаи мабнӣ бар парастиши шахси худ ва сахт олуда ба фасод сохтааст, ки дар он аксари мақомҳои калидиро хешу табори худи ӯ ва нафарони ба ӯ содиқ дар даст доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button