ВидеоМуҳоҷирон

“MK”: ДАР СӮХТОР ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ ЗАНИ ТОҶИК БО ФАРЗАНДАШ ҲАЛОК ШУДАНД

Шаби 18 ба 18 декабр бар асари сӯхтор дар вилояти Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон – як зан бо писари ҳафтсолааш ба ҳалокат расидаанд. Сӯхтор дар як манзили кӯҳнасохти дуқабата дар ҳудуди ҷамъияти боғдории “Дружба” дар канори шаҳри Пушкинои вилояти Маскав, воқеъ дар тақрибан 20-километрии шимолу шарқи шаҳри Маскав бар асари аз кор баромадану таркидани дастгоҳи обгармкунӣ рӯ1 додааст, – хабар дод нашрияи русии «Московский комсомолец» («МК»).

Бино ба иттилои «МК»,  фоҷиаи дар манзиле рӯй дод, ки дар он ду бародар аз Тоҷикистон ҳамроҳи оилаҳояшон зиндагӣ мекарданд. Бародари хурдӣ моҳи августи соли 2019 дар инҷо як хонаи кӯҳнаро харида, зану кӯдаконашро овардааст. Моҳи августи соли 2021 бародари калонии 40-сола ӯ ҳам  дар Пушкино дар як корхонаи лӯласозӣ ба ҳайси оператор ба кор даромада,  ба инҷо кӯчид ва ҳамроҳи зану ду фарзандаш: писари ҳафтсола ва духтари шашсолааш дар қабати дуюми коттеҷи додараш ҷой гирифт.

Сӯхтор шаби якшанбе дар ҳамин қабати дуюми бино сар шудааст. Дар инҷо бойлер барои гарм кардани об насб шуда буд ва тақрибан нимашаб он таркидааст. Соҳибхона бӯи сӯхтагиро фаҳмида, дари роҳравро кушодааст ва доманаи оташро дида, додарашро фарёд кашидааст, ки кумакашон кунад. Бародари хурдӣ тавонистааст, ки духтари акаашро ба кӯча барорад. Вале доманаи оташ дар як муддати кӯтоҳ чунон баланд шудааст, ки ӯ дигар натавонистааст ба қабати дуюми бино барояд. Бародари ӯ кӯшиш кардааст, ки тирезаро шикаста, зану писарашро берун барорад, вале азбаски тиреза панҷара дошт, муваффақ нашудааст.

Дар натиҷа, зану писари ҳафтсолаи ин муҳоҷири тоҷик дар сӯхтор ҷон додаанд ва духтари ӯро бо 20% бадани сӯхта ва ду бародарро бо ҷароҳатҳои зиёди сӯхтагӣ бистарӣ кардаанд.

Прокуратураи вилояти Маскав   ҳалокати як зан ва як кӯдаки соли таваллудаш 2014 бар асари сӯхтор дар Пушкиноро тасдиқ кард ва гуфт, як кӯдаки дигари соли таваллудаш 2015 бистарӣ карда шудааст. Сухангӯи прокуратураи вилоят Наталия Григорьева гуфт, тафтиши ин қазия ба додситонии шаҳри Пушкино супурда шудааст ва тафтишот бояд сабабҳои сӯхторро дақиқ кунад.

Ҳар сол .дар Русия ба иллатҳои гуногун, аз ҷумла бар асари фалокатҳое, чун сӯхтор, садҳо муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button