ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 54 ЗАРФИ РАВҒАН АЗ ЯК МАҒОЗА ДАР ШОҲМАНСУР

Шаби 16 ба 17 декабр аз мағозаи хӯроквории як сокини Рӯдакӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 54 зарф равғани растаниро дуздидаанд. Бо гумони даст доштан дар ин дузди як ҷавони 26-солаи сокини пойтахт дастгир карда шуд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 18 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҳодисаи дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки шаби 16 ба 17-уми декабри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 54-адад зарфҳои равғани растаниро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 530 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 29-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи сентябри соли 2021, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-и мазкур марди 46-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2020 марди 39-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 161 ҳазору 738 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин бо ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳҳои август ва сентябри соли 2018 марди 39-солаи сокини ҳамонҷо, ки пеш бо моддаҳои 247, 314 ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар якчанд марҳила маблағи 114 ҳазор сомониро бо мақсади додани қитъаи замин гирифта, то ҳол ба ӯ қитъаи замин надода, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Баъди талаби чандинкаратаи ҷабрдида, номбурда аз ин маблағ 32 ҳазор сомониашро баргардонидааст.
Нисбат ба ҳолатҳои зикргардида тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button