ВидеоМуҳоҷирон

5 ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БА ҚОЧОҚИ 34 КИЛО ҲЕРОИН АЙБДОР МЕШАВАНД

Маркази матбуоти Додситонии кулли Русия   рӯзи 17 декабр хабар дод, ки ин ниҳод  парвандаи ҷиноятии зидди 5 зодаи Тоҷикистон: Исоҷон Сайфов, Обидҷон Маюсупов, Абдулло Холзода, Исфандиёр Салимов ва Ҳокимшоҳ Мирзоевро барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Можайски вилояти Маскав супурдааст. Ин 5 нафар бар асоси қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 228.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба қасди фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддир, яъне 34 кило ҳероин айбдор мешаванд.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Русия дар шарҳи ин парванда гуфт: “Бино ба фарзияи тафтишот, аз моҳи майи соли 2019 то майи соли 2020 года Сайфов, Маюсупов, Холзода, Салимов ва Мирзоев, ки дар Русия манбаъҳои қонунии даромад надоштанд, дар ҳайъати гуруҳи муташаккил ба паҳн кардани маводи мухаддири ҳероин машғул шудаанд. Фурӯши маводи мухаддир тавассути махфигоҳҳо дар вилоятҳои гуногуни Русия, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳру вилояти Маскав ва кишвари Ставропол ба роҳ монда шуда буд. Дар ҷараёни чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ ва амалиёти тафтишотӣ кормандони пулис аз ин нафарон беш аз 34 кило ҳероин дарёфт карданд.”

Бар асоси қисми чоруми моддаи 228.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба ин 5 зодаи Тоҷикистон аз 10 то 20 соли зиндон ва бар асоси қисми панҷуми ин модда  аз 15 то 20 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, интиқол дода мешавад.

То 1 январи соли 2021 дар маҳбасҳои Русия қариб 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 нафари дигар таҳти тафтишот дар боздоштгоҳҳо қарор доштанд. Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чоряки зодагони Тоҷикистон дар Русия барои даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир пушти панҷара андохта шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button