ВарзишВидео

“АЗ БЕЭҲТИЁТӢ”: ПАДАРИ КОМРОНШОҲ УСТОПИРИЁН БА САДАМАИ МАРГОВАР РОҲ ДОДААСТ

Усто Устопиров, мураббии шинохтаи гуштин ва падари ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириёнро дар як садамаи  марговар, ки боиси марги сокини 50-солаи Хуҷанд шудааст, айбдор мешавад. Ин садама шоми 10 декабр дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст ва ба гуфтаи мақомот, Усто Устопиров, ронандаи мошини “Киа Спортейҷ” аз “беэҳтиётӣ” сокини Хуҷанд Баҳром Ҳоҷиевро зер кардааст.

Дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Усто Устопиров бо мошинаш пиёдагард Баҳром Ҳоҷиеви 50-соларо, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард аз захмҳои бардоштааш вафот кардааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ Фарзон Муҳаммадӣ мегӯяд, дар роҳе, ки садама рух додааст, аломати роҳи пиёдагард дида намешавад ва маълум нест, ки Баҳром Ҳоҷиев чаро аз ин қисмати роҳ убур кардааст?

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 15 декабр бо Усто Устопиров дар манзили зисти шахси фавтида вохӯрд. Устопиров, ки бо нияти расондани кумак ба хонаводаи қурбонии садама ва дуо хондан дар ҳаққи ӯ омада буд,  нахостааст, ки дар навор суҳбат кунад.

Баҳодур Ҳоҷиев, писари Баҳром Ҳоҷиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки он шом мунтазири бозгашти падараш аз кор буданд, вале ба ҷои падар он шом хабари маргаш расид. Баҳром Ҳоҷиев дар корхонаи “Само” ба ҳайси устои барқ кор мекардааст. Ҳоло ин хонавода барои марги падар ҷуброн талаб доранд.

Усто Устопириён бар асоси модаи 212, яъне “вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст”, муттаҳам мешавад. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 3 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале маъмулан дар сурати ба ифоқа расидани ҷониби ронандаи гунаҳкор бо наздикони қурбонии садама қазия то ба додгоҳ бурда намешавад.

Усто Устопиров, падари гуштингирони номдор Комроншоҳ ва Фаридун Устопириён ва мураббии шинохтаи гуштин аст.  Вай дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд мактабҳои варзишӣ дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Дар соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Роҳе, ки садамaи нақлиётӣ рух додааст

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button