
Се донишҷӯи тоҷикро дар Қазоқистон ба қаллобӣ тавассути шабакаи Интернет ба маблағи беш аз 2 миллион тангаи қазоқӣ (тақрибан 5 ҳазор доллар) айбдор мекунанд. Сомонаи пулиси Қазоқистон Polisia.kz хабар дод, ки бино ба фарзияи пулиси ҷиноӣ, ин се ҷавон аз Тоҷикистон дар шабакаи Инстаграм телефонҳои мобили гаронбаҳои дар асл набударо ба фурӯш гузошта, аз харидорон пул мегирифтанд.
“Онҳо харидоронро бо нархи арзон ҷалб мекарданд. Нархи онҳо аз нархи бозор хеле арзонтар буд. Ин мебоист шубҳаи харидоронро бармеангехт, вале баракс хоҳишмандони бо нархи арзон харидани телефонҳои гаронбаҳо зиёд будаанд. Ба ин кор се донишҷӯи соли сеюми яке аз донишгоҳҳо машғул будаанд. Онҳоро бо кумаки кормандони Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Қаскелени ноҳияи Қарасойи вилояти АлмаАто дастгир карданд”, – хабар дод сардори раёсати пулиси ҷиноятии департаменти пулиси АлмаАто Қувватбек Ниятов.
Бино ба маълумоти ӯ, ин се донишҷӯ пули телефонҳои набударо тавассути кортҳои бонкӣ гирифта, баъди гирифтани пул зуд харидорони пулдодаро блок мекарданд ва номи сомонаи худро тағйир медоданд. Ҳаҷми умуми зарар то имрӯз беш аз 2 миллион танга баровард шудааст. Таҳқиқи ин парванда дар ҳоли ҳозир идома дорад.
