ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

95% МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БА ҶУСТУҶӮИ КОР БА РУСИЯ МЕРАВАНД

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС гуфт, ҳудуди 95% муҳоҷирони корӣ аз ин ҷумҳурӣ ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Шаҳноза Нодирӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷик асосан ба Иркутск, Чита, Новосибирск, Ростови лаби Дон, Маскав, Санкт-Петербург ва вилоятҳои Маскаву Ленинград мераванд.

Бино ба омори расмии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли 2021 аз ин ҷумҳурӣ барои кор 321 ҳазору 353 нафар ба Русия сафар кардаанд. Ин арқом аз омори расмии Русия хеле фарқ мекунад. ВКД Русия ахиран хабар дод, ки тайи 9 моҳи январ – сентябри соли 2021 дар мақомоти муҳоҷирати Русия 2 миллиону 25 ҳазору 712 шаҳрванди Тоҷикистон худро сабти ном кардаанд ва 1 миллиону 597 ҳазору 481 нафари онҳо дар санадҳояшон дар мақомоти муҳоҷирати Русия нишон додаанд, ки ба Русия маҳз ба ҷустуҷӯи кор омадаанд.  

Шаҳноза Нодирӣ чунин фарқ дар омори ду кишварро ба он рабт дод, ки бисёре аз муҳоҷирони тоҷик шаҳрвандии Русияро ҳам доранд ва ҳангоми хуруҷ аз ҷумҳурӣ ҳамчун шаҳрвандони Русия   сабт шуда, аз омори муҳоҷирати корӣ берун мемонанд. “Аммо дар Русия ҳамаи онҳоеро, ки аз Тоҷикистон меоянд, аз ҷумла онҳоеро, ки шиносномаи русӣ доранд, ба рӯйхатти муҳоҷирон дохил мекунанд”, –  гуфтаааст муовини вазир бо далелҳои начандон қонеъкунанда.

Бино ба омори мақомоти Тоҷикистон, як бахши дигари муҳоҷирони корӣ аз ин ҷумҳурӣ ба ҷустуҷӯи кор ба Қазоқистон ва қисме ба кишварҳои хориҷаи дур, барои мисол, ба Имороти Араб ё Туркия ҳам мераванд.

Мақомоти Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ як манбаи асосии таъмини рӯзгори хонаводаҳои онҳо буда, ба афзоиши гардиҳи пулу мол дар кишвар низ мусоидат мекунад. Бино ба омори Бонки миллӣ, соли 2019 ба Тоҷикистон  аз хориҷ 2,7 миллиард доллар пул ворид шудааст, ки 2,5 миллиардаш аз Русия омада буд. Аммо соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус интиқоли пул аз Русия 800 миллион доллар камтар шуда, ҳамагӣ 1,7 миллиард долларро ташкил дод.

Тоҷикистону Русия соли 2020 дар бораи интиқоли муназзами муҳоҷирони корӣ қарордод бастанд, вале ба сабаби пандемия ба иҷрои ин барнома танҳо соли 2021 шурӯъ карданд. Шаҳноза Нодирӣ гуфт, моҳи январ нахустин гуруҳи муҳоҷирон иборат аз 130 нафар тавассути ҳавопаймои чартерӣ ба Иркутск фиристода шуд ва баъдан 1300 нафар тавассути Агентии шуғл ва 560 каси дигар тавассути ширкатҳои хусусии шуғл ба шакли муназзам ба Русия фиристода шуданд. Аммо ба гуфтаи хонум Нодирӣ, бисёрии муҳоҷирон ба хотири маоши баландтар тарҷеҳ медиҳанд, ки худашон мустақилона ба Русия бираванд.  Аз тарафи дигар, бархе муҳоҷироне, ки тавассути вазорат фиристода мешаванд, баъдан дар Русия кор бо маоши беҳтар пайдо карда, аз корфармоёне, ки онҳоро ба онҷо бурданд, “фирор” мекунанд ва ин боиси нофаҳмиҳо байни масъулони вазорат ва он корфармоён низ мешавад. Ба ин далел, вазорат ҳоло аз волидони муҳоҷироне, ки ба Русия мефиристанд, забонхат мегирад.

Манбаъ:  https://tass.ru/ekonomika/13175657

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button