ВидеоМуҳоҷирон

ПУТИН: МУҲОҶИРОН АВВАЛ ЗАБОНИ РУСӢ ВА АНЪАНАҲОРО МОРО ОМӮХТА, БАЪД БИОЯНД (ВИДЕО)

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 9 декабр дар мулоқот бо ҳомиёни ҳуқуқ дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомиаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон изҳор дошт, ки  хориҷиёне, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд, бояд ҳанӯз қабл аз сафар ба инҷо забони русӣ ва “анъаҳои мардуми моро” биомӯзанд. Ӯ гуфт, дар ин бобат бояд бо кишварҳои СНГ, аз ҷумла бо Тоҷикистон, як манбаи асосии таъмини муҳоҷирон дар Русия, кор кард.

Ин изҳорот дар ҳоле буд, ки ҳанӯз аз соли 2015 барои гирифтани иҷозатномаи кор дар Русия супурдани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия барои муҳоҷирони хориҷӣ ҳатмӣ шудааст.

Путин, ки дар ин ҷаласа ба суоли раҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсон Валерий Фадеев посух медод, гуфт: “Дар ин бобат бояд бо кишварҳои СНГ якҷоя кор кард. Бояд б он машғул шуд, ки одамоне, ки мехоҳанд барои кор ба кишвари мо биоянд, ба ин сафар дар кишварҳои худ барои сафар ба кишвари мо ва кор дар инҷо омода шуда, забон, қонунгузории моро биомӯзанд, ҳуқуқи худрову анъанаҳои мардуми моро бидонанд.”

Валерий Фадеев дар мулоқот бо Путин аз он гила кард, ки ба ақидаи ӯ, гӯё муҳоҷирон ба соҳаҳои маориф ва тандурустии Русия бори изофӣ эҷод мекунанд ва бидуни қарордод ба кор гирифтани онҳо “бозори меҳнатро хароб карда, монеи ба кор гирифтани шаҳрвандони Русия мешавад.” Фадеев ҳамчунин тақозо кард, ки вайрон кардани қонун аз тарафи муҳоҷирон “бояд бо ихроҷи онҳо тамом шавад.”

 Фадеев бо вуҷуди онки раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия аст, вақтҳои охир як силсила баёнияҳои муҳоҷирбадбинона нашр кард ва зоҳиран мехоҳад аз ҳисоби шиорҳои миллатгароёна доман задани қартаи бадбинии муҳоҷирон барои худ холи сиёсӣ ҷамъ кунад.

Ӯ аз ҷумла аз маъмурияти метрополитени Маскав талаб кард, ки раҳнамоҳоеро, ки  дар истгоҳҳои “Прокшино” ва “Лесопарковая” ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ насб кардаанд, бардоранд, чунки, ба гуфтаи Валерий Фадеев, сокинони Маскав аз ин роҳнамоҳо бо забонҳои барояшон нофаҳмо шикоят мекунанд.

Аммо хадамоти матбуоти метрои Маскав посух дод, ки забони асосӣ дар раҳнамоҳо русӣ аст ва навиштаҳо ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ имкон дод, ки ҷамъ шудани издиҳом дар толорҳои ин ду истгоҳ ду маротиба кам карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button