ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДИҚҚАТ! АЗ 8 ДЕКАБР ҚОИДАҲОИ САФАР БА РУСИЯ ТАҒЙИР ЁФТ

Сафорати Русия дар Тоҷикистон  дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кам шудани муҳлати тести ПСР барои вуруд ба қаламрави Русия хабар дод. Дар эълони сафорат гуфта мешвад, ки бар асоси қарори Сартабиби давлатии санитарии Русия № 34 аз 4 декабри соли 2021, шурӯъ аз  8 декабри соли ҷорӣ муҳлати эътибори натиҷаи манфии тести ПСР аз коронавирус аз 72 соати қаблӣ то 48 соат аз замони гузаштани ин тест тағйир дода мешавад.

Ба ин далел, ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия шаҳрвандон бояд хулосаи муассисаи тиббӣ дар бораи надоштани бемории коронавирусро бар асоси тести ПСР, ки на дертар аз ду рӯз қабл аз замони расидан ба Русия супурда шудааст, нишон бидиҳанд. То 8 декабр шаҳрвандон метавонистанд на дертар аз 3 рӯз қабл аз сафар ба Русия тест бисупоранд.

Сафорати Русия хотиррасон кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия хулосаи тиббӣ дар бораи надоштани бемории коронавирусро бояд тавассути замимаи телефони мобил “Путешествую без COVID-19” ироа кунанд. Ин замимаро шаҳрвандон метавонанд аз Play Market ё App Store ба телефони худ пур кунанд.

Ёдовар мешавем, Русия аз моҳи марти соли 2020 дар пайи оғози пандемияи коронавирус марзҳояшро ба рӯи хориҷиён баст ва беш аз як миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки ҳар сол ба хотири пайдо кардани асбоби таъмини зиндагии оилаҳояшон ба Русия ба мардикорӣ мерафтанд, соли 2020 ба муҳоҷират рафта натавонистанд.

Русия танҳо аз моҳи апрели соли 2021 ба шаҳрвандони чанд кишвар, аз ҷумла ба шаҳрвандони Тоҷикистон марзҳояшро дубора боз кард.

Шадидтар шудани қоидаҳои вуруд ба Русия дар ҳолест, ки ин кишвар тақрибан ду моҳ боз ба як мавҷи азими коронавирус рӯбарӯ шуда, ҳар рӯз дар Русия аз 30 то 40 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ва аз 1000 то 1200 ҳолати марги шаҳрвандон аз ин вирус сабт мешавад.

Дар умум дар Русия аз оғози пандемия 9 миллиону 895 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, ин вирус алакай сабаби марги 284 ҳазор нафар шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button