БӮСТОНСАРОИ СОКИНИ ШАҲРИНАВРО ДУЗД ЗАДААСТ

Ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 27 ноябр аз бӯстонсарои як сокини 38-солаи ҳамин ноҳия муҳаррики обкашӣ ва дигар молу ашёҳои рӯзгорро ба маблағи 5600 сомонӣ дуздидааст.
ххххххххх
Сокини 39-солаи ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки моҳи сентябри соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллар гирифтаааст, вале то ҳол ин пулро барнагардондааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 8 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи зикргардида муроҷиат намудааст, ки 27-уми ноябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди бӯстонсарояш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шаҳринав шуда, аз он ҷо 1-адад муҳаррики обкашӣ ва дигар молу ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани қаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи сентябри соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи зикргардида даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.