ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ҒОРАТИ НИМ МИЛЛИОН ДОЛЛАР АЗ СӮИ СЕ МУҲОҶИР ДАР ПЕТЕРБУРГ

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия лаҳзаи ғорати маблағи бузурги асъори хориҷӣ ба дурбини видеокамераи назоратӣ афтодааст. Ҷабрдидаҳо – ду бародаре, ки дар базаи меваю сабзавот кор мекунанд, ба пулис гуфтаанд, ки субҳи барвақти 4 декабр дар кӯчаи Турку 4 роҳзан аз дасти онҳо як борхалтаро бо 500 ҳазор доллар ашида гирифтаанд. Вале пулис мегӯяд, вақте баъди ним соат дар кӯчаи Пражская се нафар аз чор нафари гумонбарро дастгир кард, аз онҳо ҳамагӣ 20 ҳазор доллар пайдо кардаан, на ним миллион, ки ҷабрдидаҳо иддао доранд. Боздоштшудаҳо 3 муҳоҷир: Шарафҷони 21-сола, Ҳасанҷони 25-сола ва Муродалии 26-сола ном бурда мешаванд. Аммо пулис аз гуфтани номи кишвари онҳо худдорӣ карда, онҳоро танҳо “зодагони ҷумҳуриҳои ҷанубӣ” ном бурдааст.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки ҳамла  дар кӯчаи Турку субҳи барвақти 4 декабр, соати 06:50  вақт рӯй дод, ки ду бародар ба пеши мошини худ мерафтанд. Ҳамин лаҳза аз мошине, ки онҷо истода буд, ду мард баромада, ба ин ду бародар ҳамла овардаанд ва яке аз онҳоро, ки дар китфаш борхалта дошт, зада, аз пой афтонданд. Байни ин 4 нафар занозанӣ сар шуд ва боз ду нафари дигар ба ҳамлагарон ҳамроҳ шуданд ва дар натиҷа тавонистанд, ки чоркаса борхалтаро кашида бигиранд ва аз ҷои ҳодиса фирор кунанд. Тавре ба назар мерасад, ҳамлагарон аз пеш медонистанд, ки дар борхалта маблағи бузурги пули нақд ҳаст.

Яке аз ҷабрдидаҳо дар аризааш ба пулис навиштааст, ки дар борхалта 500 ҳазор доллар буд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҳамлагарон ба рӯяш аз балонча гази ашковар пошиданд ва ӯ онҳоро шинохта наметавонад.

Пулис мегӯяд, се нафар аз чор нафари гумонбарро алакай баъди ним соат дар кӯчаи Пражская дастгир карда, ба шуъбаи пулис овард, вале аз ин “3 зодаи ҷумҳуриҳои ҷанубӣ”: Шарафҷони 21-сола, Ҳасанҷони 25-сола ва Муродалии 26-сола ҳамагӣ 20 ҳазор доллар пул ёфтаанд. Куҷо шудани 480 ҳазор доллари дигар ваё умуман будан ё набудани ин миқдор пул дар борхалтаи он ду акаю додарро касе ҳоло гуфта наметавонад. Пулис ҳоло ба ҷустуҷӯи гумонбари чорум идома медиҳад.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ва ҳатто агар дар борхалта ҳамагӣ 20 ҳазор доллар ҳам бошад, ба ғоратгарон ҳамчун ҷазо то 10 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи то 1 миллион рубл таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button