ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИК ДАР МАРЗИ РУСИЯ БО ЛАТВИЯ БО 114 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛИ НАҚД

Телеграм-канали хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои вилояти Пскови Русия  рӯзи 3 декабр хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Себежи ин вилоят парвандаи ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба қочоқи маблағи хеле бузурги пули нақд (114 ҳазор доллар) аз тарафи гуруҳи афрод бо маслиҳати пешакӣ айбдор мешавад, барои баррасӣ қабул кардааст. Ба ин ду тоҷик бар асоси қисми дуюми моддаи 200.1 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 10 то 15 маротиба бештар аз маблағи қочоқии аз дасти онҳо гирифташуда (яъне аз 1,1 то 1,6 миллион доллар) ваё маҳдуд кардани озодӣ ё корҳои маҷбурӣ ба муҳлати то 4 сол таҳдид мекунад.

Бино ба фарзияи мақомоти тафтишотӣ, моҳи майи соли 2021 ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ба таври мехостанд тавассути гузаргоҳи Бурачки дар даруни мошини “Мерседес” 114 ҳазору 10 долларро ғайриқонунӣ аз марзи ЕвразЭС гузаронанд, вале ба даст афтоданд.

Тафсилоти дигари парванда ва ҳамин тавр, назари шаҳрвандони тоҷики ба қочоқ айбдоршуда дастрас нест.  

Гузаргоҳи Бурачки дар марзи Русия бо Латвия ҷойгир шудааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон бо чунин маблағҳои бузург ба Латвия асосан барои харидани мошинҳои кӯҳнаи хориҷии асосан сохти Аврупо мераванд. Латвия як бозори умдаи фурӯши мошинҳои кӯҳнаи аз саросари Аврупо ҷамъоварда барои мошинхарон аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба шумор меравад.

Бар иловаи ҷаримаи ҳангуфти то 1.6 миллион доллар, он 114 ҳазор доллари аз ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Латвия гирифтшударо низ метавонанд ба фоидаи давлат мусодира кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button