ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ЯК КӮДАКИ ДУМОҲАРО ДУЗДИДААНД

Дар шаҳри Душанбе як кӯдаки думоҳаро дуздидаанд. Мақомоти милиса ба таҳқиқи ин қазия шурӯъ кардаанд.

Шоҳидон ба  хабаргузории “Азия-Плюс”  хабар доданд, ки рӯзи 30 ноябр аз Маркази саломатии №13 (собиқ поликлиникаи №1) як зани ношинос кӯдаки ширмакро дуздидааст. Табибони поликлиника гуфтаанд, ки ин ҳодиса ҳудуди соати сеи рӯз рӯй дод.

Шоҳидон ҳодисаро чунин нақл кардаанд:  “Ҷавонзан бо кӯдак барои муоина пеши духтур омада буд. Вале маълум шуд, ки духтур бе дастпӯшак муоина намегузаронад ва дастпӯшакро муштариён бояд худашон меовардаанд. Модари кӯдак барои харидани дастпӯшак берун баромадааст ва як духтари дигар, ки ҳамон ҷо меистод, пешниҳод кардааст, ки то омаданаш кӯдакашро нигоҳ мекунад. Модар фикр кардааст, ки ӯ корманди бемористон аст ва кӯдакашро ба он духтар додааст. Вале вақте ки бармегардад, на духтарро пайдо кардааст ва на кӯдакашро.”

Дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе низ ин ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алакай рӯи ин қазия кор карда истодаанд.

Як манбаъ дар мақомоти милисаи Душанбе ба “Азия Плюс” гуфтааст: “Дар ҳақиқат, ба мо дар ин бобат муроҷиат карданд ва як гуруҳи корӣ ташкил шуда, алакай кор карда истодааст. Дар он макон дар ҳама ҷо видеокамераҳои назоратӣ насб карда шудаанд ва сабтҳоро гирифта, кор карда истодаанд. Фикр мекунам, ки кӯдак ва занеро, ки ӯро бурдааст, ба зудӣ пайдо мекунанд.”

Ҳомидҷон Ҳомидзода, сартабиби Маркази саломатии №13 гуфтааст, ки аз ин ҳодиса ӯро ҳам дар ҷараён гузоштаанд, вале азбаски дар рухсатӣ аст, аз тафсилоташ хабар надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Хайр они он хастам ки сохибкорон налог месупоран барои чи бошад ки дар беморхона даст пушакро беморон бояд бихаранд айб аст дар Кадом АСР зиндаги мекунам дар беморхона дастпушак надорем

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button