ВидеоМуҳоҷирон

АЗ 8,5 ТО 16 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ 8 ШАҲРВАНДИ ТОҶИК БАРОИ БАНДИТИЗМ

Додгоҳи вилояти Маскав 8 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми даст доштан дар як силсила ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла ғоратгарӣ, дуздии силоҳ, узвият дар банда, ба муҳлати аз 8 солу 6 моҳ то 16 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Додгоҳ ин 8 нафарро бар асои 6 банди  3 моддаи 162, 209 ва 226-уми Кодекси ҷиноятии Русия гунаҳкор шинохт.

Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав  аъзои ин гуруҳи ҷиноятиро “бандаи қавмӣ” номидааст. Бино ба фарзияи тафтишот, ин бандаро моҳи сентябри соли 2013 як шаҳрванди Тоҷикистон ташкил карда, ба саффи он ҳамватанони худашро ҷалб кардааст. Гуфта мешавад, ки аъзои банда аввал  дар минтақаҳои гуногуни вилояти Маскав нафарони серпулро аз байни соҳибкорони маҳаллӣ муайян карда, шабона ба мақсади тасарруфи молу пули онҳо ба хонаҳояшон ҳамла мекарданд.

 “Онҳо бар асоси роҳнамоӣ (наводка) амал мекарданд ва тақрибан дар ҳамаи ҳолатҳо медонистанд, ки ҷабрдидагрон пули зиёд доранд. Онҳо ҳамлаҳои худро шабона анҷом медоданд ва қурбониёнашон соҳибкорон буданд. Дар натиҷа аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи марти соли 2014 нафарони маҳкумшуда дар ҳайъати банда дар қаламрви ноҳияҳои Раменское ва Чехови вилояти Маскав як силсила ҷиноятҳои вазнин ва мушаххасан 4 ҳамлаи ғоратгарона бо истифода аз силоҳ ба манзилҳои хусусиро анҷом дода, ҳамчунин даст ба дуздии силоҳи оташфишон задаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияе, ки рӯзи 30 ноябр дар пайи анҷоми мурофиаи аъзои ин гуруҳи “бандаи тоҷикҳо” дар сомонаи сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав нашр шуд.

Ба ҳисоби муфаттишон, дар натиҷаи аъмоли ҷиноии аъзои ин даста ба маблағи беш аз 12 миллион рубл пулу моли шаҳрвандон ғорат шуда, 17 нафар, аз ҷумла як кӯдак ҷабрдида дониста шудаанд. Маводи парванда 86 ҷилдро ташкил додааст.

Вале он шаҳрванди Тоҷикистон, ки 8 сол пеш ин бандаро ташкил кард, тавонистааст аз тафтишот фирор кунад. Парвандаи ҷиноятии раҳбари банда баъди боздошташ алоҳида баррасӣ хоҳад шуд, ӯ феълан таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.

Ҳукми ин 8 шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз қувваи қонун нагирифтааст. Онҳо метавонанд ба додгоҳи болотар аз он шикоят баранд. Назари маҳкумшудаҳо ба ҳукми эълоншуда дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button