ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

ПРОКУРОРИ БАДАХШОН: ЭЪТИРОЗГАРОН БА РАИСИ ВИЛОЯТ ҲАМЛА ОВАРДА, ВАКИЛИ ПАРЛУМОНРО ЗАХМӢ КАРДАНД (ВИДЕО)

Додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 27 ноябр дар як изҳорот тавассути ТВ “Бадахшон” хабари тирпарронии рӯзи шанбе дар маркази шаҳри Хоруғро тасдиқ кард.

Парвиз Орифзода гуфт, эътирозҳоро дар  майдони Исмоили Сомонӣ дар маркази Хоруғ “саркардагони гуруҳҳоии муташаккили  ҷиноӣ” ташкил кардаанд. Прокурор ин эътирозҳоро “ғайриқонунӣ” номида, гуфт, як талаби эътирозгарон мулоқот бо раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва дигар мақомоти ин минтақа буд.

“27 ноябр, тахминан соати 14 Алишер Мирзонабот бо эътирозгарон дар майдон вохӯрӣ кард ва аз онҳо талаб кард, ки тартиботи ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, майдонро тарк созанд ва оромии мардумро халалдор накунанд. Раиси вилоят дар доираи ваколатҳои худ ба саволҳои иштирокчиёни тазоҳуроти ғайриқонунӣ ҷавобҳои мушаххас дода, изҳор намуд, ки барои таҳқиқи холисонаи ҳодисаи рӯзи 25 ноябр аз ҷониби прокуратураи вилоят гуруҳи фаврии тафтишотӣ таъсис ёфта, тафтишот идома дорад. Аммо эътирозгарон ба ин қаноат накарда, аз ҳиссиёти баланди авбошӣ ва ҳисси бадбинӣ барқасдона ба раиси вилоят ва ҳамроҳони ӯ ҳамла намуда, бо мақсади қасдан расондани зарари вазнин ба ҷони онҳо аз предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда истифода намуда, ба вакили Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода зарари вазнини ҷисмонӣ расониданд”, гуфт Парвиз Орифзода.

Прокурори вилоят афзуд, “бо мақсади пешгирӣ аз кирдори авбошонаи эътирозгарон намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбур шудаанд, ки ба ҳаво аз силоҳ тири огоҳикунанда парронанд”.

Парвиз Орифзода ҳамчунин хабар дод, ки оид ба ин ҳодиса аз тарафи додситонии ВМКБ боар асоси моддаҳои 328, қисми 2 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият), 330, қисми 1 (Таҳқири намояндаи ҳокимият), 237, қисми 3,  банди “а” (Авбошӣ) ва 110, қисми 2, бандҳои “а” ва “ж” (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Аммо дар ҳоле ки Парвиз Орифзода танҳо ба ҳаво тири огоҳкунанда паррондани кормандони мақомотро тасдиқ мекунад, тазоҳургарон дар бораи ҷароҳат бардоштани 4 нафар дар тиррпаронии рӯзи 27 ноябр хабар медиҳанд.

Эътирозҳо дар Хоруғ рӯзи 25 ноябр дар пайи кушта шудани ду сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби мақомот оғоз ёфт. Эътирозгарон ҷасадҳои кафанпеч дар даст дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ шуда, ҷасадҳоро дар рӯи минбар гузоштанд ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоевро талаб карданд. Дар рӯёрӯиҳои рӯзи 25 ноябр дар Хоруғ байни эътирозгарон ва мақомоти қудратӣ боз як сокини Бадахшон кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз захмӣ шудани се афсари КДАМ, як милиса ва як корманди прокуратура хабар доданд.

Шоми 26 ноябр мақомот ба эътирозгарон ду соат вақт доданд, ки майдонро холӣ кунанд ва 5 мил силоҳи автоматро, ки гӯё рӯзи 25 ноябр аз дасти кормандони мақомот кашида гирифтаанд, баргардонанд. Аммо эътирозгарон майдонро тарк накарданд ва гуфтанд, то замони иҷрои талабҳояшон, ки аз ҷумла ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги се сокини вилоят ва истеъфои раиси вилоятро дар бар мегиранд, ба эътирози худ давом хоҳанд дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button