ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДАРВОЗ ЧАНД САНГИ БУЗУРГИ АЗ КӮҲ КАНДАШУДАРО ТАРКОНДАНД (3 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшони шухбаи муҳандисӣ ва техникаи таркандаи раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯиву наҷотдиҳии ин кумита ҳамроҳ бо мутахассисони вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо мақсади ҳимояти аҳолӣ ва ронандагон аз хатари сангрезӣ дар ҳудуди деҳаи Умараки ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои махсуси муҳандисию таркишӣ анҷом додаанд. Ин амалиёт дар умум 10 рӯз давом карда, дар натиҷаи он таҳдиди сангрезӣ, ки ҷониби сангҳои бузурги аз қуллаи кӯҳ кандашуда бармеомад, бартараф карда шудааст. Масоҳати ин сангҳои бузурги аз кӯҳ кандашуда 950 метри мураббаъ будааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, сангрезӣ як таҳдиди ҷиддӣ ба зербинои нақлиётии манотиқи кӯҳистон ва кӯҳдоман ба шумор меравад. Бахусус дар шароити Тоҷикистон, ки бахши аъзами қаламравашро кӯҳистон ташкил медиҳад ва роҳҳои зиёди мошингард дар манотиқи кӯҳистонӣ сохта шудаанд. Ба ин далел, масъулони роҳдорӣ ва ниҳодҳои наҷотбахш ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳое, чун сангрезӣ, бояд пайваста дастбакор шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button