ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистонҲуқуқи инсон

ДОДСИТОНИИ ВМКБ: ГУЛБУДДИН ЗИЁБЕКОВ ҲАНГОМИ БОЗДОШТАШ АЗ ТАПОНЧА ТИР КУШОД (ВИДЕО)

Маркази матбуотипрокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як изҳороти вижа, ки тавассути хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд, гуфт, Гулбуддин Зиёбеков, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа нимаи аввали рӯзи 25 ноябр, соати 11:30 ҳангоми боздошт “бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид.”

Ба гуфтаи додситонӣ, аз ҷои ҳодиса таппончаи ПМ  бо як тирдон ва 5 тир гирифта шуд.

Прокуратураи генералӣ гуфт, Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992,  барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт.”

Бино ба фарзияи тафтишот, “Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар  деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.”

Дар ҳоле ки мақомоти додситонӣ мегӯянд, Зиёбеков ҳангоми боздошт захмӣ шудааст, сокинони Бадахшон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки ӯ кушта шуда ва чанд сокини дигари минтақаи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа дар амалиёти рӯзи 25 ноябр захмӣ шудаанд. Сокинон ҳамчунин хабар доданд, ки ду афсари амниятро ба бемористони вилоятӣ оварда, дар шуъбаи реаниматсия хобондаанд. Маълум нест, ки оё онҳо ҳам дар амалиёти боздошти Зиёбеков захмӣ шудаанд ё дар ягон ҳодисаи дигар?

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 25 ноябр даҳҳо сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он як тобут дар рӯи даст аз кӯчаҳои шаҳр роҳпаймоӣ карда, дар назди бинои ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирди ҳам омаданд. Онҳо гуфтанд, ки ин тобути сокини Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа Гулбуддин Зиёбеков аст ва аз мақомот талаб доранд, то ки гунаҳкорони марги ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар видеои кӯтоҳе, ки ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки эътирозгарон тобутро дар назди бинои ҳукумати вилоят дар рӯи минбар гузоштаанд.

Сокинони норозии дар маркази Хоруғ гирдиҳамомада ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки чанд вақт пеш як корманди прокуратураи ноҳияи Роштқалъа, ки зодаи вилояти Хатлон будааст, ба як духтар аз Шоҳдара дил баста, чанд дафъа ба вай паёмҳои ошиқона фиристода, ҳамчунин дар роҳ чанд бор пеши роҳашро гирифта, изҳори ишқ кардааст. Духтар ба хешу табораш шикоят кардааст ва онҳо он корманди прокуратураро якҷоя латтукӯб кардаанд.

Он муноқиша бо миёнаравии раиси вақти вилоят Ёдгор Файзов бо роҳҳои мусолиматомез ҳал шуда буд ва он корманди прокуратураро ба ноҳияи дигар гузаронда буданд.

Аммо баъди барканори Ёдгор Файзов парвандаи латтукӯби корманди додситониро аз сар гирифта, ахиран чанд сокини Шоҳдараро бо иттиҳоми латтукӯби намояндаи ҳокимият дастгир кардаанд. Яке аз онҳо ҳамин Гулбуддин Зиёбеков будааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button