СОКИНИ РӮДАКИРО ДАР НАЗДИ СИРК БА МАБЛАҒИ 206 ҲАЗОР СОМОНӢ ФИРЕБ ДОДААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 53-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи декабри соли 2020, марди 44-солаи сокини ҷамоати Ҳисори шаҳри Ҳисор, дар назди бинои Сирки давлатӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 206 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз назди бинои навсохташуда, воқеъ дар назди бинои Сирк хонаи 2-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад. Аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шудааст. Номбурда ба он муттаҳам мешавад, ки моҳи апрели соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел Зафира», арзишаш 47 ҳазор сомониро ба иҷора гирифта, онро фурӯхтааст ва пулашро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.