ВидеоМуҳоҷирон

ПАРВАНДАИ ТОҶИКЕ, КИ ТАБИБРО БАРОИ МУОИНАИ БАДАНИ ЗАНАШ ЗАД, БА ДОДГОҲ РАФТ

Додситонии нашри Нижневартовски Русия парвандаи пурсарусадои ҷавони 30-солаи зодаи Тоҷикистон, чоҳкани ширкати «Роснефть» Баҳриддин Азимовро ба додгоҳ супурдааст. Баҳриддин рӯзи 21 сентябр табиберо, ки ҳамсари ӯро муоина карда буд, ба гаппартоӣ айбдор ва латтукӯб карда буд. Ӯ бар асоси қисми якуми моддаи 213, банди “а” Кодекси ҷиноятии Русия ба авбошӣ айбдор мешавад. Ба вай бар асоси ин банди қонун ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 500 ҳазор, ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати то 480 соат ваё корҳои ислоҳӣ ё ҳукми зиндон ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекунад. Баҳриддин Азимов дар давраи тафтишот таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.

Хадамоти матбуоти додситонии ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси дар иттилоияи расмиаш гуфт: “Тафтишот муайян кард, ки 21 сентябри соли 2021 айбдоршаванда дар ҳудуди шифохонаи хусусии «А-мед»  дар шаҳри Нижневартовск, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, бо истифода аз баҳонаи бофтаи гӯё ба дахлнопазирии ҳамсари ӯ таарруз кардани корманди тибе, ки муоинаи ҳамсари ӯро анҷом дода буд, ба аъзои бадани вай бо дастонаш чанд зарба задааст. Дар натиҷа. Ба табиб осеби сабук ба саломатӣ расонда шудааст.”

Бино ба гузоришҳо, рӯзи 21 сентябр, тахминан соати 15, ба назди духтури пӯсти клиникаи хусусии “А-мед” Владимир Жерноклеев як зани 30-солаи ҳиҷобпӯш бо номи Нилуфар даромадааст. Ӯ бояд аз муоинаи духтур мегузашт. Зан аввал нахостааст, ки ӯро духтури мард бубинад. Табиб ба вай маслиҳат додааст, ки ба роҳбарияти клиника муроҷиат кунад, то барояш табиби зан пайдо кунанд. Дар ниҳоят зан ба муоина розӣ шудааст ва Жерноклеев  шиками ӯро муоина карда, ҷавобаш додааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, баъди чанд лаҳза ба ҳуҷраи кори духтур Баҳриддин, шавҳари он зан даромада, Жерноклеевро латтукӯб кардааст.

Духтури латтукӯбшуда мегӯяд, дар таҷрибаи кориаш занони зиёд, аз ҷумла занҳои мусалмонро муоина кардааст, вале бори аввал дучори чунин ҳолат шуд. Жерноклеев ҳоло ҳам муҷозоти Баҳриддин Азимов ва ҳам ҳамчун ҷабрдида товони молиявӣ талаб дорад.

Баҳриддин Азимов дар ҷараёни бозпурсӣ гуфт, духтурро барои ба ҳамсари ӯ гапи ноҷо партофтанаш задааст ва барои ин узр пурсиданӣ нест.  “Ман омода нестам, ки узр бипурсам, чун духтур ҳангоми муоина ба ҳамсари ман гап партофт ва инро зеҳни ман қабул карда наметавонад”, — мегӯяд Баҳриддин дар бозпурсӣ. Ӯ ҳамчунин гуфт, “духтур бояд кори худашро анҷом диҳад, вале пурсидан, ки “барои чӣ ту ин халтаро ба сар кашидаӣ?, берун аз салоҳияти духтур аст.” Манзур аз “халта” инҷо ҳиҷоб аст.

Жерноклеев эътироф кард, ки пӯсти бадани Нилуфарро тавсиф кардааст, вале ба ҳиҷоби ин зан эрод гирифтанашро рад мекунад.

Хешовандони Баҳриддин, ки низ дар Русия зиндагӣ мекунанд, аз вай пуштибонӣ карданд ва гуфтанд, ки ҳар мард дар ҷои Баҳриддин чунин рафтор мекард.

Баҳриддин Азимов аз Исфараи Тоҷикистон буда, нахустин шуда, амаки ӯ ҳанӯз соли 1985 ба Нижневартовск кӯчида, дар чоҳи нафт кор мекард. Падару модари Баҳриддин солҳои 90 ба Русия кӯчида, аввал дар шаҳраки Радужное зиндагию кор мекарданд ва сипас ба Нижневартовск омаданд. Баҳриддин 8 сол пеш дар Радужное шаҳрвандии Русияро ба даст овард ва баъди хатми Донишгоҳи саноатии Тюмен дар як чоҳи нафти ширкати “Роснефт” ба ҳайси чоҳкан (бурильщик) кор мекард. Нилуфар низ шаҳрванди Русия буда, дар ҳаминҷо коллеҷро хатм кардааст. Нилуфару Баҳриддин 7 сол қабл издивоҷ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button