ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ФАВРӢ! ДАР ВИЛОЯТИ ИРКУТСКИ РУСИЯ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО ЗИНДА БА ЗИНДА ОТАШ ЗАДААНД (ВИДЕО)

Шоми 12 ноябр дар шаҳраки Заларии вилояти Иркутск байни як гуруҳи сокинони маҳаллӣ ва 6 муҳоҷири тоҷик, ки дар як сохтмон дар ин шаҳрак кор мекарданд, муноқиша рӯй додааст. Бино ба иттилои мақомоти пулис ва тафтишоти вилояти Иркутск, дар ҷараёни муноқиша тарафҳои даргир якдигарро латтукӯб кардаанд ва баъдан сокинони маҳалли вагончаеро, ки дар он муҳоҷирон зиндагӣ мекарданд, оташ задаанд. Дар натиҷаи ин  ҷинояти мудҳиш ду муҳоҷир ба ҳалокат расида, 5 нафари дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол додаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо нашрия як изҳороти вижа хабар дод, ки муноқиша дар Залари байни сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони тоҷик рух додааст ва сафорат аз ин ҳодиса дар ҷараён буда, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия бо мақсади пайгирии он дар ҳамкорӣ мебошад.

“Ҳамчунин ҷиҳати пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, 13 ноябри соли ҷорӣ кормандони Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск сафарбар карда шуданд”, гуфта мешавад дар изҳорот.

Пулиси вилояти Иркутск хабар дод, ки беш аз 10 иштирокчии муноқишаро ба шуъбаи пулис овардаанд ва корҳо барои муайян кардани иштирокчиёни дигар идома дорад.

Раёсати тафтишоти вилояти Иркутск хабар дод, ки шахсияти ҳамаи иштирокчиёни муноқиша муайян карда шуда, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми қасди уштори ду нафар бо як шеваи барои ҷомеа хатарнок ва бо маслиҳати пешакӣ ва ҳамчунин бар асоси моддаҳои 30, қисми 3 ва 105, қисми 2 бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштани беш аз 2 нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Сафорати Тоҷикистон гуфт, “ҳодисаи нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дошта, ҷиҳати гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия то ниҳояти ҳалли он ва бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи қонунгузорӣ саъю талош анҷом дода мешавад.”

Шаҳраки Залари, маркази маъмурии ноҳияи ҳамном, наздики 10 ҳазор аҳолӣ дошт, дар соҳили дарёи Залари, дар 220-километрии шимолуғарби шаҳри Иркутск ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button