ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТАҚОЗОИ ДУШАНБЕ АЗ БИШКЕК: ПАРВАНДАСОЗИҲОИ БЕАСОС БОЯД БАС ШАВАД!

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр бо нашри як изҳороти расмӣ дар сомонааш аз додситонии кулли Қирғизистон хост, ки “ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣдар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад.”

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷумла парвандаи шаҳрванди ин кишвар Ҷӯраев Диловар Бобомаҳкамович, санаи таваллудаш 25 майи соли 1969-ро мисол овардааст, ки рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Новосибирски Русия барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир карда шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, “бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия мактуб омода намуда, хоҳиш кардааст, ки дархости ҷониби Қирғизистон бе баррасӣ мононда шуда, шаҳрванд Ҷӯраев Д.Б. аз ҳабс озод карда шавад.”

Дар баробари ин додситонии кулли Тоҷикистон ба додситонии кулли Қирғизистон низ дархости расмӣ фиристода, хостааст, ки беасос ба зидди шаҳрвандони Тоҷикистон парванда насозад.

Масъалаи мазкур таҳти назорати роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад., гуфта мешавад дар анҷоми изҳороти расмӣ.

Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи мусаллаҳонаи поёни моҳи апрел, ки аз ду тараф 55 кушта ва 240 захмӣ ба ҷо гузошт, даврони пуртанишеро пушти сар мекунад. Қирғизистон аз 22 май, инак қариб ним сол боз марзашро бо Тоҷикистон бо баҳонаи пандемия бастааст, вале мақомоташ пинҳон намекунанд, ки  тасмими бастани марз ба мушкилоти марзӣ  бештар рабт дорад, то ба пандемияи коронавирус.

Диловар Ҷӯраев

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button