ВидеоТаърихФарҳангЧеҳраҳо

ШАРҲИ РАСМИИ ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ: ОСОРХОНАИ АЙНИРО КӮЧОНДАНӢ БУДЕМ

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 12 ноябр бо нашрия як иттилоия дар сомонаи расмиаш оиди паҳн гардидани хабарҳо дар мавзӯи бартараф намудани Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ  расман тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат пиромуни ин масъала ба Академия муроҷиат карда буд. Бо дарназардошти хизматҳои шоёну барҷастаи адиб, олим, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Академияи милии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди Хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир ироа намуда буд”,  гуфта мешавад дар иттилоия.

Шаҳрдорӣ ҳамчунин таъкид кардааст, ки “масъалаи мазкур ҳанӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.”

Шаҳрдорӣ ҳамзамон зикр кардааст, ки “дар ҷойи Осорхонаи мавҷуда, бунёди ягон намуд бинову иншоот пешбинӣ нагардидааст ва хабарҳо оиди гӯё дар макони Хона-музей роҳандозӣ гардидани сохтмони меҳмонхона ё бинои таъиноти дигар, асоси воқеӣ надоранд.”

Аммо шаҳрдорӣ дар шарҳи худ нагуфтааст, ки агар хидматҳои Садриддин Айнӣ “шоёну барҷаста” бошанд ва масъалаи бунёди ягон иншооти дигар дар ҷои он дар дасти баррасӣ набошад, пас чаро осорхонаи ӯро хезонда, ба ҷои дигар кӯчонданианд?

ИТТИЛОИЯ

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, оиди паҳн гардидани хабарҳо дар мавзӯи бартараф намудани Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ иттилоъ медиҳад:

   Бо дарназардошти хизматҳои шоёну барҷастаи адиб, олим, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Академияи милии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди Хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир ироа намуда буд.

   Инчунин бояд қайд кард, ки масъалаи мазкур ҳанӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.

   Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки дар ҷойи Осорхонаи мавҷуда, бунёди ягон намуд бинову иншоот пешбинӣ нагардидааст ва хабарҳо оиди гӯё дар макони Хона-музей роҳандозӣ гардидани сохтмони меҳмонхона ё бинои таъиноти дигар, асоси воқеӣ надоранд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 11 ноябр «Азия-Плюс» бо такя ба як манбаи наздик ба осорхонаи Садриддин Айнӣ хабар дод, ки ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон  масъалаи чаппа кардани ин осорхонаи сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик баррасӣ  шуда истодааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, аз номи муовини аввали шаҳрдори Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо чунин мазмун нома омадааст.

 “Дар нома гуфта мешавад, ки осорхона ба Генплани шаҳр мувофиқ нест ва гӯё манзараи атрофро безеб мекунад. Маълум нест, ки дар ҷои осорхонаи Айнӣ чӣ биное сохтанианд”, – гуфтааст ин манбаъ.

Бино ба санаде, ки нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ расид, муовини аввали шаҳрдор, Амирхон Қурбонзода, 13 сентябр аз раиси Академияи миллии илмҳо хостааст, “ҷиҳати кӯчондан ва ҷойгир кардани осорхона… мусоидат намоед.” Дар нома гуфта шудааст, ки осорхонаи Садриддин Айнӣ дар кӯчаи Саид Носирии пойтахт “дар масоҳати 0,20 гектар ҷойгир шудааст”.

Дар посух Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, навиштааст, “Академия мувофиқи мақсад медонад, ки аввал Осорхонаи нави Садриддин Айнӣ ба таври замонавӣ сохта шуда, сипас, нигораҳои осорхонаи мавҷуда ба он ҷо кӯчонда шавад.”

Шамсиддин Муҳаммадиев – муовини раҳбари Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт: “Дар ҳақиқат, ба Академия аз номи муовини аввали шаҳрдори Душанбе Амирхон Қурбонзода чунин нома омада буд. Дар нома шаҳрдорӣ барои тахриби осорхона, ки мехостанд дар ҷояш меҳмонхона бисозанд, иҷозат мехост. Вале Академияи миллии илмҳо дар номаи ҷавобиаш гуфт, ки ин осорхонаи аҳамияти вижа дорад. Ҳамчунин дар нома гуфта мешуд, ки агар шаҳрдорӣ барои кӯчондани осорхона ҷои муносибе пешниҳод кунад, аъзои Академия омодаанд ин масъаларо аз нав баррасӣ кунанд.”

 Ба гуфтаи ӯ, ин масъала дар Шӯрои илмии Пажуҳишгоҳ ҳам баррасӣ шуд. “Олимон мухолифи тахриб ё кӯчондани осорхона баромаданд. Ба ин далел, ки ин ягона хотира аз Айнист”, –  гуфт Шамсиддин Муҳаммадиев.

Осорхонаи Айнӣ дар маркази Душанбе соли 2018 дар арафаи 140-солагии ӯ тармим шуда буд.  

Садриддин Айнӣ барои саҳмаш дар рушди адабиёт ва забони тоҷикӣ ва дар таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.

Дар солҳои охир осорхонае, ки дар манзили Айнӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон таъсис додаанд, дар ҳақиқат, дар байни даҳҳо қасру кӯшку биноҳои осмонбӯсе, ки дар маркази Душанбе қомат афрохтанд, дигар мисли як кӯлбаи нообод менамояд. Ҳатто баъди тармими куллиаш дар соли 2018.

Вале мухлисони қалами Айнӣ мегӯянд, арзиши ин хонаи ба зоҳир назарногир дар он қаду басту зебу зиннаташ нест, балки дар арзиши маънавиаш аст, ки аз садҳо бинои осмонбӯс болост.

Бисёриҳо, бавижа равшанфикрони тоҷик, шеваи бозсозии пойтахти Тоҷикистонро ба боди танқид мекарданд ва мегӯянд, дар пойтахт ба хотири аз оҳану бетону шишаву пластик сохтани боз чанд бинои осмонбӯси безавқу беарзиш ҳама осори Душанбеи асри бистро аз байн бурда истодаанд. Вале ин осори назарногир таърихи як даврони муҳимест, ки Душанбе тайи ҳамин даврон аз як қишлоқаки хурди нообод  ба шаҳри комил ва ба пойтахти Тоҷикистон табдил ёфт. Осорхонаи Айнӣ ҳам, ба ақидаи равшанфикрон, як ҷузъи барҷастае аз ҳамин пораи таърихи Душанбест, ки метавонад мисли театри Маяковский, Почтамт, бозори Шоҳмансур, кинотеатри Ҷомӣ ва хеле дигар аз осори таърихии асри бисти пойтахти Тоҷикистон бебозгашт маҳв шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳеҷ безебие надорад, ин осорхона. Он дорои тамоми хотираҳои Айнист, ки бебозгашт маҳв хоҳад шуд. Дар кишварҳои зиëде миëни он ҳама сохтмони замонавӣ бинои таърихие устувор истодааст, ки порае аз таърих аст. Муаррифгари фарҳангу тамаддуни як миллат ҳамин “харобаҳоянд “, на он “қуттиҳои ” замонавии беруҳ. Баракатро ҳифз бояд кард.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button