ВидеоТоҷикистон

КАДР АЗ БЕРУН: НИЗОМ МИРЗОЗОДА МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ВМКБ ТАЪЙИН ШУД

Субҳи 12 ноябр дар Хоруғ Мирзозода Низом Юсуфӣ ба ҳайси муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ шуд. Мушовири аршади ёрдамчии президент оид ба кадрҳо Музаффар Давлатзода зимни муаррифии Мирзозода  ба кормандони маъмурияти вилоят гуфт, ки ӯ бо розигии президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақом таъйин шудааст.  Давлатзода изҳори боварӣ кард, ки Низом Мирзозода дар симмати муовини аввали раиси ВМКБ барои рушду инкишофи вилоят саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Раиси ВМКБ генерал Алишер Мирзонабот дар суханрониаш гуфт, мақомоти вилоят ба чунин кадрҳои баландихтисос, махсусан, дар соҳаи сохтмон, ниёз дорад.  Ӯ ҳадаф аз таъйини Мирзозодаро тасмими дурусти президент номид ва гуфт, ки сиёсати кадрии Эмомалӣ Раҳмон ба як ҳадаф: рушду равнақи вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони он нигаронда шудааст. “Итминон дорем, ки бо таъини чунин шахси кордон соҳаи мазкур (соҳаи сохтмон дар Бадахшон) вусъати тоза касб менамояд”, гуфт Алишер Мирзонабот.

Мирзозода Низом Юсуфӣ 10 январи соли 1962 дар ноҳияи Мӯминободи вилояти Хатлон ба дунё омада, Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси сохтмони саноатӣ ва гражданӣ хатм кардааст. Низом Мирзозода қаблан дар мақомҳои муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои охир дар Тоҷикистон таъйини зодагони минтақаҳои дигар ба раҳбарии ин ё он ноҳияву шаҳрро таҷриба карда истодаанд. Барои мисол, Қурбон Ҳакимзода, ки зодаи шимоли Тоҷикистон аст, чанд сол раиси ноҳияи Фархор буд ва ҳоло раҳбарии вилояти Хатлон дар ҷануби кишварро ба дӯш дорад. Ҳамчунин, Рустам Раҳматзода, зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд як муддат раиси ноҳияи Фархор буд.

Ҳамин тавр, даҳҳо зодаи вилояти Хатлон дар вилояти Суғд дар мақомҳои баланд кор мекунанд. Аммо дар Бадахшон то кунун маъмулани зодагони ҳамин вилояти мухторро ба мақомҳои раҳбарӣ таъйин мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button