ВидеоНомаҳо ба президентТаърихФарҳанг

МАНЗАРАИ АТРОФРО БЕЗЕБ МЕКУНАД… АКНУН ДАР ДУШАНБЕ ОСОРХОНАИ АЙНИРО ЧАППА КАРДАНИАНД (ВИДЕО)

«Азия-Плюс» бо такя ба як манбаи наздик ба осорхонаи Садриддин Айнӣ хабар дод, ки бино ба маълумоти ҳанӯз расман тасдиқношуда, ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон  масъалаи чаппа кардани ин осорхонаи сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик баррасӣ  шуда истодааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, аз номи муовини аввали шаҳрдори Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо чунин мазмун нома омадааст.

 “Дар нома гуфта мешавад, ки осорхона ба Генплани шаҳр мувофиқ нест ва гӯё манзараи атрофро безеб мекунад. Маълум нест, ки дар ҷои осорхонаи Айнӣ чӣ биное сохтанианд”, – гуфтааст ин манбаъ.

Дар шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” ваъда додаанд, ки дар робита ба ин масъала маълумоти расмӣ ироа хоҳанд кард.

Эраҷ Айнӣ,  набераи  Садриддина Айнӣ, аз шарҳи ин масъала худдорӣ кардааст.

Аммо Шамсиддин Муҳаммадиев – муовини раҳбари Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт: “Дар ҳақиқат, ба Академия аз номи муовини аввали шаҳрдори Душанбе Амирхон Қурбонзода чунин нома омада буд. Дар нома шаҳрдорӣ барои тахриби осорхона, ки мехостанд дар ҷояш меҳмонхона бисозанд, иҷозат мехост. Вале Академияи миллии илмҳо дар номаи ҷавобиаш гуфт, ки ин осорхонаи аҳамияти вижа дорад. Ҳамчунин дар нома гуфта мешуд, ки агар шаҳрдорӣ барои кӯчондани осорхона ҷои муносибе пешниҳод кунад, аъзои Академия омодаанд ин масъаларо аз нав баррасӣ кунанд.”

 Ба гуфтаи ӯ, ин масъала дар Шӯрои илмии Пажуҳишгоҳ ҳам баррасӣ шуд. “Олимон мухолифи тахриб ё кӯчондани осорхона баромаданд. Ба ин далел, ки ин ягона хотира аз Айнист”, –  гуфт Шамсиддин Муҳаммадиев.

Осорхонаи Айнӣ дар маркази Душанбе соли 2018 дар арафаи 140-солагии ӯ тармим шуда буд.  

Садриддин Айнӣ барои саҳмаш дар рушди адабиёт ва забони тоҷикӣ ва дар таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.

Дар солҳои охир осорхонае, ки дар манзили Айнӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон таъсис додаанд, дар ҳақиқат, дар байни даҳҳо қасру кӯшку биноҳои осмонбӯсе, ки дар маркази Душанбе қомат афрохтанд, дигар мисли як кӯлбаи нообод менамояд. Ҳатто баъди тармими куллиаш дар соли 2018.

Вале мухлисони қалами Айнӣ мегӯянд, арзиши ин хонаи ба зоҳир назарногир дар он қаду басту зебу зиннаташ нест, балки дар арзиши маънавиаш аст, ки аз садҳо бинои осмонбӯс болост.

Бисёриҳо, бавижа равшанфикрони тоҷик, шеваи бозсозии пойтахти Тоҷикистонро ба боди танқид мекарданд ва мегӯянд, дар пойтахт ба хотири аз оҳану бетону шишаву пластик сохтани боз чанд бинои осмонбӯси безавқу беарзиш ҳама осори Душанбеи асри бистро аз байн бурда истодаанд. Вале ин осори назарногир таърихи як даврони муҳимест, ки Душанбе тайи ҳамин даврон аз як қишлоқаки хурди нообод  ба шаҳри комил ва ба пойтахти Тоҷикистон табдил ёфт. Осорхонаи Айнӣ ҳам, ба ақидаи равшанфикрон, як ҷузъи барҷастае аз ҳамин пораи таърихи Душанбест, ки метавонад мисли театри Маяковский, Почтамт, бозори Шоҳмансур, кинотеатри Ҷомӣва хеле дигар аз осори таърихии асри бисти пойтахти Тоҷикистон бебозгашт маҳв шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бигзор хукумат шахри наве дар наздикии Душанбе созад мисли Кохираи нав аммо бп чойхои таьрихи нарасад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button