ВидеоҶомеа

ҲАЛОКАТИ ДУ СОКИНИ БАЛҶУВОН. ИЛЛАТИ ЗАҲРОЛУДШАВИИ ОНҲОРО ТО ҲОЛ НАЁФТААНД

Ду сокини ноҳияи Балҷувон – Абдумудасири 13-сола аз деҳаи Зарнисор Абдумудасир ва домоди  33-солаи хонаводаи онҳон Зафар Шарипов  аз деҳаи Девдор  рӯзи 7 ноябр дар бемористони бемориҳои сироятии Кӯлоб  даргузаштаанд. Ҳардуи онҳо ва ҳамчунин ҳамсари Зафар Шарипов Бибизайнаби Абдулазиз ва кӯдаки ширмаки онҳо Бибинисои Зафарро рӯзи 6 ноябр бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз истеъмоли хӯроки вайроншуда ба бемористон оварда буданд. Дар ин бора рӯзи 11 ноябр хабарнигори “Азия Плюс” дар Кӯлоб Билоли Шамс  хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, вазъи ҳамсар ва фарзанди Зафар Шарипов беҳтар шуда, дигар ба ҳаёти онҳо таҳдиди ҷиддие боқӣ намондааст ва ҳардуро аз бемористони бемориҳои сироятӣ ба шифохонаи вилоятӣ гузарондаанд.То ҳол маълум нест, ки ин  хешовандони наздик аз чӣ заҳролуд шудаанд?

Бино ба гузориши «Азия Плюс», Зафар Шарипов ҳамроҳи ҳамсараш Бибизайнаб ва кӯдаки ширмакашон Бибинисо аз деҳаи Девдор ба хонаи падарарӯсаш ба деҳаи Зарнисор меҳмонӣ рафтаанж. Баъди истеъмоли хӯрок дар меҳмонӣ вазъи саломатии ҳар сеи онҳо ва додари 13-солаи Бибизайнаб – Абдумудасир якбора бад шудааст ва ҳамаи онҳоро бардошта, ба Кӯлоб, ба бемористони бемориҳои сироятӣ овардаанд.

Табиби ин бемористон Саидов ба “Азия Плюс” гуфт, анализҳои ҳамаи 4 нафарро ба озмоишгоҳи ҷумҳуриявӣ фиристодаанд ва ташхиси аввалия сабаби заҳролудшавии онҳоро заҳрҳои кимиёвӣ нишон додааст. “Вале посухи дақиқтаре то ҳол нест”, – гуфтааст Саидов.

Мудири маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Балҷувон Беҳрӯз Холов гуфт, барои маълум кардани сабабҳоизаҳролудшавии ин 4 нафар комиссияи махсус ташкил шудааст.  “Мо ба қишлоқи онҳо рафта, хонаеро, ки онҳо онҷо заҳролуд шуданд, тафтиш кардем, вале дар онҷо на ягон заҳри кимиёвӣ ва на ягон хел маҳсулоти консервашуда пайдо накардем. Танҳо қурут, хурмо ва себ ёфтем, ки намунаҳои онҳоро ҳам барои тафтиш фиристодем”, – гуфт Беҳрӯз Холов.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки 9 сокини деҳаи Шулулуи ҷамоати Балхоби ноҳияи Мӯъминобод ба иллати истеъмоли хӯриш, ё салати навъи “зверобой” заҳролуд шудаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 8 ноябр аз соати шаши субҳ то 10:53 паиҳам 9 сокини деҳаи Шулулуро бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ кардаанд. Бемории ҳамаи онҳоро ҳамчун ботулизм (заҳролудшавӣ из истеъмоли маҳсулоти хӯроквории вайроншуда) ташхис гузоштаанд. Гуфта мешавад, сокини аз ҳамаи хурдсоли заҳролудшуда ҳамагӣ 6 сол дошта, аз ҳама калонсолаш занест, ки 64 сол дорад. Ҳамаи онҳо феълан дар бемористон қарор доранд. Вазъи саломатии онҳоро табибон муътадил арзёбӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, шаби 30 сентябр ба 1 октябр бар асари истеъмоли чунин як хӯриш дар деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Темурмалик 4 нафар: Умедҷон Ҳамидови 40-сола, Муяссара Қулматоваи 32-сола, Сумая Додозодаи 6-сола ва Рухсора Қулзодаи 2-сола ҷон бохта, 14 нафари дигар дар бемористонҳо бистарӣ карда шуданд.

Ба гуфтаи мақомот,  “сокини Қӯштеппа Дадаҷон Нурхонов рӯзи 30 сентябр дар хонааш оши палав омода карда, ҳамаи хонаводаро даъват мекунад. Дар вақти истеъмоли ош як банкаи дулитраи хӯриши иборат аз помидор, пиёз, сирпиёз ва қаланфури булғориро истеъмол мекунанд ва аз ҳамин заҳролуд мешаванд.”

Ҳамчунин моҳи ноябри соли 2019 бар асари заҳролудшавӣ аз “консерваи бодирингу помидор” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 7 нафар заҳролуд шуда, яке аз онҳо фавтида буд.

Пеш аз он моҳи декабри соли 2017 чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб заҳролуд шуда, соли 2016 се нафар дар Кӯлоб аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд. Соли 2012 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳам бар асари истеъмоли консерваи заҳролуд як нафар ҷони худро аз даст дода буд.

Табибон мегӯянд, дар сурати риоя нашудани меъёрҳои тозагӣ, истифода аз маҳсулоти дорои маводи кимиёии зиёд, дар дохили консерва таҷзияҳои кимиёӣ мегузарад ва ғизои хушхӯр ба заҳр табдил шуда метавонад.

Дар Тоҷикистон бо далели гарон ва камчин шудани меваву сабзавот дар зимистон, дар фасли тобистон ин маҳсулотро дар шакли консерва захира мекунанд. Ин то андозае мушкили захираи ғизоро ҳал мекунад, вале орӣ аз  хатар ҳам нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button