ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОҲИБИ МАРКАЗИ КОМПЮТЕРӢ БАРОИ РОҲ ДОДАНИ НОБОЛИҒОН

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки соҳиби як маркази компютерӣ дар кӯчаи Синои ноҳияи Синои пойтахт бо ҷурми ба ин марказ роҳ додани ноболиғон ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, “дар натиҷаи санҷиши маркази компютерии воқеъ дар кӯчаи А.Синои н. Сино, ки ба шаҳрванд Абдуллоев Алиҷон Ҷамолиддинович санаи таваллудаш 03.04.1998, сокини ш.Душанбе кӯчаи А.Сино тааллуқ дорад, муайян карда шуд, ки якчанд нафар ноболиғон машғули бозиҳои зиёновари компютерӣ мебошанд.”

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати соҳибмулк Абдуллоев Алиҷон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба суди н.Сино ирсол карда шуд.
 Дар иттилоия ёдоварӣ шудааст, ки қаблан Алиҷон Абдуллоев барои айни кирдор аз ҷониби ҳамин додгоҳ ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд ва “ин навбат бо назардошти кирдори худро ислоҳ накардаву такроран даст ба қонуншиканӣ задан аз ҷониби суди н.Сино ҷазо дар намудаи ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.”


Тибқи қонуни масъулияти волидайн, дар Тоҷикистон ба афроди то синни 20 баъди соати 20 ворид шудан ба марказҳои компютерӣ ва интернет-кафеҳо манъ карда шудааст. Мақомот пешгирӣ аз машғул шудани наврасону ҷавонон ба “корҳои беҳуда” ва сарф кардани вақташон ба “бозиҳои зараровар”–ро сабаби чунин тасмим меноманд.

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе мегӯяд, ҳарчанд “аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ба тамоми соҳибмулкону маъмурони марказҳои компютерӣ ҷиҳати пешгирӣ ва монеъ шудан ба воридшавии ноболиғон огоҳиномаҳои хаттӣ супорида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида шудаанд, вале ҳамоно баъзе аз масъулони марказҳои компютерӣ ба хотири ба даст овардани маблағ талаботи қонунгузориро нодида гирифта, ноболиғонро барои машғул шудан ба бозиҳои зараровари компютерӣ роҳ медиҳанд.”
 РВКД Душанбе бори дигар аз кулли соҳибмулкону маъмурони марказҳои бозиҳои компютерӣ талаб кардааст, ки муқаррароти қонунҳои амалкунандаро комилан риоя намуда, ноболиғонро ба марказҳои бозиҳои компютерӣ роҳ надиҳанд. “Ҳамзамон волидайнро низ мебояд фарзандони худро зери назорат қарор дода, нагузоранд онҳо вақти пурқиммати худро ба амалу рафтори нописанд сипарӣ кунанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button