ЯК СОКИНИ ВАҲДАТ 776 ҲАЗОР СОМОНИ ПУЛИ КОМБИНАТИ ОРДРО ТО ҲОЛ НАДОДААСТ

“Комбинати орди Душанбе” аз мақомоти милиса хостааст, барои рӯёндани 776 ҳазору 50 сомонӣ пули орде, ки як сокини 33-солаи Ваҳдат барои фурӯш гирифта буд, кумак кунанд.
ххххххххххххххххххххх
Сокини 26-солаи ҷамоати А.Абдулвосиев дар Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки моҳи апрел дар деҳаи Меҳргон бо зӯрӣ ангуштари тилло, телефони мобил ва 200 сомонӣ пули як зани 26-соларо кашида гирифтааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 4 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба маҳсулоти орд
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат мактуби ҶДММ “Комбинати орди Душанбе” ворид шудааст, ки марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба боварии роҳбарияти ҶДММ-и мазкур даромада, аз комбинат барои фурӯш ба маблағи 776 ҳазору 50 сомонӣ маҳсулоти орд гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дастгир гардидани марди 26-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2021, дар ҳудуди деҳаи Меҳргон шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ 1-адад ҷузвдон, ки дар дохили он 1-адад гарданбанди тиллоӣ, 1-адад ангуштарини тиллоӣ, 1-адад телефони мобилӣ ва 200-сомонӣ буд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Зарари расонидашуда 8 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
