ВидеоИқтисод

КОДЕКСИ НАВИ АНДОЗ: ЧӢ ТАҒЙИР ЁФТ? ШАРҲИ ЯК БА ЯКИ ЧАНД ТАҒЙИРОТИ МУҲИМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 3 ноябр тарҳи нави Кодекси андозро қабул карданд, ки тибқи он, бисёре аз андозҳои асосӣ ба таври қобили мулоҳиза, вале зина ба зина кам карда мешаванд.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни муаррифии Кодекси нави андоз б вакилон гуфт, тибқи ин кодекс шумораи умумии андозҳо аз 10 ба 7 кам карда шуда, як андозе, ки қариб ба ҳама дахл дорад, яъне андоз аз даромад (подоходный налог) аз 13%  ба 12% пойин оварда мешавад. Ҳамин тавр, андози иҷтимоӣ, ки корхонаҳо аз маоши коргаронашон пардохт мекарданд, аз 25%  ба 20%  пойин оварда шуда, андози воситаҳои нақлиётро бо андози молу мулк муттаҳид мекунанд. Андози аксизи воситаҳои электронӣ баракс аз 5% то 7% боло бурда мешавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, як тағйири аз ҳама асосӣ дар Кодекси нави андоз марбут ба андоз аз арзиши изофа, ё худ НДС аст, ки феълан 18% мебошад. Ин андоз, ки беш аз 40 фоиз аз ҳамаи даромадҳои буҷа аз андозҳоро таъмин мекунад, батадриҷ дар 5 соли оянда то ба ҳадди 13% пойин оварда мешавад: НДС аз 1 январи соли 2022 дар Тоҷикистон 15%, аз соли 2023  – 14%  ва аз 1 январи соли 2027  – 13%–ро ташкил хоҳад дод.

Кодекси қаблии андози Тоҷикистон соли 2013 қабул шуда, зиёд интиқод мешуд. Бахусус аз ҷониби соҳибкорон, ки мегуфтанд, Кодекси андоз тиҷоратро дар кишвар буғӣ мекунад. Коршиносони байналмилалӣ низ чунин назар доштанд. Бар асоси гузориши  “Андозсупорӣ 2019” (“Paying Taxes 2019”),  бори андозҳо дар Тоҷикистон ду маротиба бештар аз бори андоз дар паҳнои Аврупои шарқӣ ва Осиёи Миёна будааст. Дар ин минтақа ҳаҷми умуми андозҳо 32,8% будааст, вале дар Тоҷикистон –67,3%!

Ҳанӯз моҳи майи соли 2019 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти пурсарусадояш бо кормандони мақомоти андозу гумрук (ҳамон ҷаласае, ки Шаҳбоз Раҷабзода, як корманди гумрукро барои порахӯриаш аз толор бароварда, пеш кард) тақозо карда буд, ки бо назардошти фикру пешниҳодҳои соҳибкорон, бахусус истеҳсолкунандагон, тарҳи нави Кодекси андозро тартиб бидиҳанд.

Таҳияи тарҳи нав беш аз як сол давом карда, тобистони соли 2020 асосан ба анҷом расонда шуд, вале дар ин байн пандемияи коронавирус сар шуд, ки  ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷамъоварии андозҳо ва боҷу хироҷҳои дигар таъсири ҷиддӣ расонд ва мақомотро маҷбур кард, ки тарҳи алакай навишташудаи Кодексро ин дафъа бо дарназардошти вазъияте, ки коронавирус пеш овард, бознависӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Назари ман инаст ки мақомот тамоми наиуди андозҳоро бо тарзи ғайри қонуни меситонад аз шаҳрвандонаш ин якнамуд дузиди руи рост аст бо ин амалашон токай давом мекрдабошад бинед давлати руссро тамоми андоз код дорад ва чансол пас андозсупоранда давокуунад уро дарёфткарда мешававд аммо азморо фақат баҳонан инташуд онташуд чи магр шумо дарандоз електрони бовар надоред зероки шумо дуздони руи рост мебошен ҳолоҳам дернашудаст андозро елекрони кунен ватамоми мардум бидонанд ки даркадом мавод чанқадар андоз ҳаст агар шумо андозро баҳама руйшдбкнед ва сбук кунед точикистон дубай мешавад лекин шумо кистахқро дар терминалҳо шиштаенд чизеки медарояд даркистаи шумо медарояад

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button