ВидеоМуҳоҷирон

ЯК МАРДИ ТОҶИКИ ДУЗАНА ДАР РУСИЯ ЗАНИ ҲОМИЛААШРО ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ

«Комсомольская правда»  бо такя ба манбааш хабар дод, ки чанд рӯз пеш дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав як шаҳрванди  Тоҷикистон зани якумашро, ки ҳомила буд, латтукӯб кардааст. Гуфта мешавад, сабаби муноқишаи оилавӣ пинҳонӣ аз зани якумаш боз зан гирифтани ин марди  тоҷик шудааст. Ин занро, ки 25 сола аст ва дар моҳи панҷуми ҳомилагӣ қарор дорад, дар бемористон бистарӣ кардаанд. Зулмат гуфтааст, ки ба хонаи шавҳараш Далер (номҳои  ҳарду қаҳрамони ин қисса иваз карда шудаанд) баргаштанӣ нест, балки мехоҳад, ки бародараш ӯро аз беморхона бигирад ва ба хонаи худаш барад…

Бино ба гузориши нашрияи русӣ, Зулматро бо аломатҳои ҷунбидани майнаи сар мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористон бурдааст. Вале табибон бештар аз сарнавишти тифли батни ӯ дар ташвиш буданд, чунки Зулмат дар моҳи панҷуми ҳомилагӣ қарор дорад. Ба ин далел, ӯро то ҳол дар бемористони Одинтсово нигоҳ доштаанд.

Баъди каме ба худ омадан, Зулмат нақл кардааст, ки 25 сол дорад ва ӯро на ягон одами бегона, балки шавҳари худаш Далер латтукӯб кардааст. Зулмат аз хона гурехта, ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задааст, ки омада, ӯро аз кӯча бигиранд.

“Мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони марказии Одинтсово як зани  25-сола, шаҳрванди Тоҷикистонро бо аломатҳои ҷунбидани майнаи сар расонд. Ин зан 17 ҳафта боз ҳомила будааст. Ӯро дар шуъбаи нейрохирургб бистарӣ карданд. Ба гуфтаи худи бемор, ӯро ҳангоми муноқиша дар макони зисташон шавҳараш латтукӯб кардааст”, — нақл кардааст манбаи kp.ru

Худи Зулмат баъди каме ба худ омадан сабаби муноқишаро низ фош кардааст.

“Ман тасодуфан фаҳмидам, ки шавҳарам  ба ман чизе нагуфта, аз ман напурсида, ба болои ман зан гирифтааст.  Ман, албатта, аз ин ба хашм омадам ва байни мо ҷанҷол бархост. Ӯ ба сари ман бо овози баланд дод мезад, ба ӯ ҳатто инки ман қарори вайро ба баҳс мекашам, маъқул нашуд ва вай маро зад. Ман дигар ба пеши ӯ барнамегардам, маро аз ин ҷо бародарам ба хонаи худаш мебарад”, — нақли қавл кардааст kp.ru аз суханони Зулмат.

Қонунгузории Тоҷикистон бисёрзаниро расман манъ кардааст ва барои ин ҳатто ҷазоҳое, чун ҷарима ва ҳатто то ду соли маҳрумият аз озодӣ таъйин кардааст. Вале дар Тоҷикистон бисёрзанӣ як амри роиҷ боқӣ мемонад. Онҳое, ки чанд зан мегиранд, ба меъёрҳои шариати исломӣ истинод мекунанд, ки то 4 издивоҷро барои як мард иҷозат додааст.

“Сабти ном чунин издивоҷҳо мумкин нест ва аз ин рӯ, издивоҷи дуюму сеюм тавассути никоҳи динӣ сурат мегиранд. Далер низ пинҳонӣ аз зани якумаш бо никоҳи исломӣ зани дуюм гирифтааст. Вале шумори занҳое, ки ба зани нав гирифтани шавҳаронашон розӣ шаванд, то рафт кам мешавад. Зулмат яке аз чунин занҳое буд, ки қарори ба болои ӯ зан гирифтани шавҳарашро напазируфт”, – навиштааст нашрияи kp.ru.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button